353 нигоҳ

«ДАР СИРИШТИ ДАРДМАНДАМ ШЕЪРИ МАН ЧУН ШЕЪРИ ЛОИҚ НОТАМОМ АСТ…». Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода дар бораи ашъори шоири маҳбуб Гулназар Келдӣ

Август 14, 2020 13:51
/АМИТ «Ховар»/. Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ  Гулназар Келдӣ, ки дирӯз ҷаҳони фониро тарк гуфта, дунёи абадиятро хонаи охирати худ ихтиёр кард, дар дили ҳазорҳо дӯстдорони шеъру сухан мисли номи Рӯдакиву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Туғрал, Айниву Турсунзода ва Қутбиву Лоиқ ҷовидон боқӣ мемонад. Устод Гулназар бо табъи худодод ва завқи баланд ба ҷодаи эҷод қадам ниҳода, умри бобаракати хешро сарфи суханварӣ намуд ва аз худ мероси бузургеро ба ёдгор гузошт. Дар шеърҳои ғиноманди пурэҳсос ва рӯҳнавозаш орзуву ормонҳои халқи маҳбубаш ифода ёфта, дар ҳар байти он бузургии дили мардуми сарбаланди тоҷик бо шеваи хос ситоиш ёфтааст. Гулназар ба ин шеваи тасвир аз рӯзҳои аввали ба ҷодаи суханварӣ қадам ниҳоданаш эътибор дода, кӯшиш мекард, ки дар ҳар як офаридаи худ асолату тавоноии шеъри тоҷикиро риоя намояд ва меҳру муҳаббати хешро нисбат ба сарзамини бекаронаш бозгӯ гардонад. Аз ин рӯ, дар шеъри вай муҳаббати Ватан, зебоиҳои табиати нотакрори Тоҷикистон, манзараҳои дилкаши он, бузургиву тавоноии кӯҳистони диёраш бо таъбири ибораҳои латиф ва воситаҳои ҷаззоби бадеӣ ифода меёфтанд ва чун рассоми мӯъҷизаофар ӯ низ аз файзи табиати дилкашу рӯҳнавози кишвараш фараҳ гирифта, тавассути шаддаи калимаҳои фораму таъсирбахш дар мисраву байтҳои шеъраш табиати зебои кӯҳистони Тоҷикистони азизро бозтоб дода, бо он ифтихор менамуд ва бо лаҳни ба худ хос мегуфт: Деҳаам дар домани кӯҳпораест, Ҳамчу лаъли нур аз шаҳду шакар. Кӯҳ гӯӣ дар каф онро дошта -Марҳамат, -гӯяд ба ҳар як раҳгузар. Ин суханони қаҳрамони ғиноии шоир ба ҳар як марди кӯҳистон тааллуқ дошта, хонанда тасаввур мекунад, ки гӯё адиб аз забони ӯ бо меҳру муҳаббат чунин алфози шаҳдборро баён медорад. Зеро дар кӯҳистон аксари мардум бо чунин саҷияву хулқу атвор дар дили хурду бузург ҷой шуда, бо ин суннати устувори худ фахр мекунанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, аз насл ба насл ба мерос мегузоранд. Дар аксари ашъори Гулназар чунин тасвирҳои баланд, баёни малеҳ, ифодаи дилкаш ва андешаи салим ба назар расида, шеъри вай баёнгари зебоиҳои табиати диёри биҳиштосоямон мебошад. Дар маҷмӯаҳои вай «Нардбон», «Ағба», «Паҳно», «Лангар», «Чашми нигин», «Се кулчаи танӯрӣ», «Табхола», «Забони ошиқӣ», «Фариштаи бомдод», «Девори сабз», «Ойинаи ташна», «Фасли оғоз», «Дар чодари сафеди маҳтобӣ» ва амсоли инҳо шеърҳои эҳсосманде ҷой гирифтаанд, ки ҳар кадомаш як манзараи Тоҷикистонро пеши назар оварда, шоири нуктасанҷ ин табиати афсункорро бо самимияти беандоза васф мекунад. Шеъри Гулназар, дар ҳақиқат бо садои обшору боронҳои баҳори Ватанаш зебост. Ӯ аз резасангҳои кӯҳистон ифтихор намуда, аз табиати ҳамешасабзаш рӯҳ мегирифт ва ҳамаи ин отифиятро дар дили инсони ватандӯст ҷой дода, хоксорӣ, накӯкорӣ ва бузургиву тавоноии ӯро ситоиш мекард. Инсони офаридаи Гулназар дили пок ва пурмеҳр дорад. Вай дар вуҷудаш хоку оби диёрашро парвариш менамояд ва аз ҳиммати баланди бузургонаш истиқбол мекунад, одамиятро парастиш карда, хайру эҳсонро болотар аз ҳама дороӣ дониста, накӯкору накӯандеш аст. Дар шеъри вай инсон мазҳари меҳру муҳаббатро талқин мекунад, аз кинаву бухл худро дур мегирад ва ваҳдатофару сулҳдӯст мебошад. Ин ҷаззобият пояи шеъри Гулназарро устувор намуда, мавқеи ӯро ҳамчун ватандӯсти боирода ва инсонпарвари комил баланд бардоштааст. Гулназар баробари ин шоири таронасарои Ватани хеш буд. Дар ҳар як маҷмӯаи ӯ шеърҳои алоҳидае ҷой доранд, ки саропо ба бузургии Ватан, меҳри он, садоқат ба ин диёри мардони номдор бахшида шудаанд. ӯ Ватанро пораи дили худ эҳсос мекард ва аз дастовардҳои он меболид ва ҳар як комёбии кишвари маҳбубро бо тарзи ба худ хос тасвир менамуд. Вай дар чунин шеърҳо услуби содаву равонро интихоб карда, бо таъбирҳои латиф ва суханони самимӣ муроди дилашро баён месохт ва аз шукӯҳу ҷалоли Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор карда, рӯҳи бузургони онро ситоиш менамуд. Дар шеъри устод Гулназар ғурури Рустам нуҳуфта буд, меҳри Таҳмина  чун оваҳи* модарон садо медод, номуси Исфандиёр васф мешуд ва қалби бузурги Сиёвуш метапид. ӯ бо номи қаҳрамонони асотирии Фирдавсии бузург ёди таърихи куҳан мекард ва ҷавҳари худшиносиро шиор намуда буд. Дар шеъраш дирафши Ковиёнӣ рӯҳи нав гирифта, он бо истиқлолу озодии мардуми тоҷик ва Тоҷикистони маҳбуб пайванд мегардид. Дар бештари шеъру сурудҳои Гулназар, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таълиф шудаанд, ин нусрати раҳмонӣ истиқбол меёфт ва барои якпорчагӣ ва ваҳдати комили халқаш талош мекард. Ба ин восита шеърҳои ӯ вирди забони хурду бузурги кишвар гардида, ҷанбаи баланди меҳанпарастона доштанд ва музаффарияти Тоҷикистонро таҷассум менамуданд. Масалан, вай дар як шеъраш чунин ишора мекунад: Яшти Наврӯзии озодӣ, Яшти озодӣ муборак, Тоҷикистон! Ҷомаи ту аз ҳарири бомдодон аст, Шом бо дастони зулмонӣ нагирад домани оҳории ту, Ҳар қадар дар хоки ту корем хори ғуссаву андӯҳ, Боз ҳам саркӯби гулҳои табассумҳои тифлон аст. Устод Гулназар бо «Наврӯзи озодӣ»-и диёраш ифтихор мекард, санъати мусиқии «Шашмақом» — ро ситоиш месохт, «Фалак» -ро бо садои Одина Ҳошимаш дӯст медошт, аз эҳёи анъанаҳои пешин меболид, Меҳргону Садаро тавсиф менамуд ва аз хиради Сарвари ватанпарвари миллаташ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳом гирифта, ба дастовардҳои беназири замони ӯ мадҳу сано мехонд ва таърихписандӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии ӯро мояи ифтихори тоҷикон медонист. Дар аксари шеърҳои ба истиқлол бахшидаи вай хислатҳои ҳамидаи ин абармарди дунёи сиёсат, инсони меҳандӯст ва раиятпарвар таҷассум ёфтаанд. Устод Гулназар дар адабиёти муосири тоҷик, ҳамзамон, шоири навовару навҷӯ шинохта шудааст. Вай дар истиқболи шеъри нав маҳорати хоса нишон дода, дар баёни тасвири ҳолат ва кайфияти рӯҳии инсон низ сабки навро пеш гирифта буд. ӯ шоири рӯъёи тасвирҳои хаёлии дунёи ботинии инсон ба шумор мерафт. Дар шеъри ғиноияш тасвири ҳолати равонии қаҳрамонони ғазал ҳамчунон латиф ва зебост. Гуланазар ба дарди маъшуқа бо алам таъбир меҷӯяд ва рози ошиқро бепарда ва пур аз дард баён сохта, отифияти қалби инсонро дар ишқи покаш бозгӯ месозад. Ин хусусияти шеъри Гулназарро шоирони ҳамсолаш эътироф карда, ба маҳорати эҷодии вай баҳои баланд додаанд. Устод Гулназар тарҷумони беҳтарин низ буд. Вай дар ин ҷода маҳорати хоса нишон дода, ашъори шоирони бузургро ба забони ноби тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ин мероси беназир як бори дигар аз тавоноии ин шоири зиндаёд дарак медиҳад. Хидмати вай дар рушди кино ва операи тоҷик бебаҳс мебошад. Вай муаллифи киносенарияҳои зиёд буда, дар ин самт низ ба дараҷаи устодӣ расидааст. Аламовараш он буд, ки дирӯз ҳангоми суҳбат бо раиси Иттифоқи композиторон дар бораи ба анҷом расидани операи нави шоир бо номи «Достони нур» ба муносибати 30 — солагии истиқлоли миллӣ огоҳӣ пайдо кардем, аммо ин мужда дар он лаҳза ба гули раёҳине табдил ёфта буд, ки пас аз маргаш нахустин шуда, сабзаи наврустаи хоки манзилаш мегардид, дареғо! Бовар аст, ки ин асар пас аз марги шоири миллат рӯйи саҳна меояд ва дар рушди санъати опера ҷойгоҳи хосро пайдо хоҳад кард. Шеъру сурудаҳои устод Гулназар, дар воқеъ мисли ашъори устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ, ки замоне худи ӯ бо ихлосу меҳри бепоён чунин таъбирро интихоб карда буд, нотамом монда, ҳеҷ гоҳ аз хотираи дӯстдорони шеъру суханаш дур намешаванд. Мардуми тоҷик рӯҳи ин шоири бузург ва баркамоли миллат, барандаи ҷоизаи ба номи устод Абӯабдулло Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон ва Шоири халқии Тоҷикистонро фаромӯш нахоҳанд кард. Итминони комил дорем, ки ҳар байти ин адиби ватандӯст дар қалби ҳаводорони каломи бадеъ ба ёдгор монда, кохи бузурги адабиёти навини тоҷикро пойдору устувор нигоҳ медорад. Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,