Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аввалин ташкилоти  ҷамъиятии эҷодӣ-илмии касбии  композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади ҳифз ва рушди беҳтарин анъанаҳои мусиқии классикии  ҷаҳонӣ ва халқи тоҷик, рушди фарҳанги мусиқии касбӣ, тарбияи ходимони ҷавони фарҳанги мусиқӣ  ва фароҳам овардани шароит баҳри татбиқ намудани имкониятҳои эҷодӣ таъсис ёфтааст. Тибқи Қарори Шўрои Комиссарони халқи РСС Тоҷикистон (аз 1 июни соли 1939) «Оид ба вазъи санъат дар ҷумҳурӣ ва чорабиниҳо вобаста ба рушди минбаъдаи он», ҷиҳати таъсиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифта шуда, бо ин мақсад раиси комитети ташкилии он  композитор Александр Ленский таъин гардид. 9 январи соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  расман дар ҳайати  композиторон А. Камолов,  Ш. Бобокалонов, С. Баласанян, А. Ленский, С. Урбах, Н. Пулодов, З. Шаҳиди, М. Вольберг ва   Ф. Солиев таъсис дода шуда, аввалин раиси он Сергей Баласанян интихоб гардид.  Аз соли 1939 то ба имрўз 14 Анҷумани Иттифоқи композиторони Тоҷикистон  (солҳои 1948, 1956, 1962, 1966, 1970, 1976, 1981, 1987,1992, 1998,2001,2007, 2016 ва 2017) баргузор гардида, тўли ин солҳо Сергей Баласанян, Александр Ленский, Фазлиддин Шаҳобов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дустмуҳаммадов, Талаб  Сатторов, Аслиддин Низомов, Хайрулло Абдуллоев, Қудратулло Ҳикматов, Шўҳрат Ашуров ба ҳайси раисони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъолият намудаанд. Аз соли 2017  Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов мебошад. Дар ин давра аз ҷониби композиторони Тоҷикистон операҳо, балетҳо, асарҳо барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, романсҳо, ораторияҳо, кантатаҳо, пйесаҳо барои созҳо, мусиқӣ барои кино ва дигар жанрҳои мусиқии касбӣ офарида шудааст. Асарҳои композиторони Тоҷикистон берун аз марзи Тоҷикистон (Аврупо, Хитой, Ҷопон, кишварҳои ИДМ) иҷро гардида, аксари асарҳо (балетҳои «Лайли ва Маҷнун» (Театри калони давлатии академии Россия), «Мақоми ишқ» (Самарқанд), операи «Бозгашт» (Тошкент) дар театрҳои кишварҳои дигар саҳнавӣ гардидаанд. Дар асоси асари «Рубоиҳои Хайём»-и Т. Шаҳидӣ филм-балети мустанад ба навор гирифта шудааст. Осори илмии мусиқишиносони Тоҷикистон ба забонҳои дигар халқу миллатҳо тарҷума гардида, дар кишварҳои ИМА, России, Олмон, Ҷопон, Корея нашр гардидаанд. Бо  мақсади  рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбӣ бо Фармони Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон»  аз соли 2004 Ҷоизаи  ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ таъсис дода шудааст. Айни замон, дар назди  Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Шўрои илмӣ, Шўрои мусиқӣ, Идораи «Тарғиби мусиқии муосир», бахши «Эҷодӣ-ташкилӣ», бахши «Мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ», бахши «Фолклор ва мусиқии суннатӣ», бахши илмӣ – тадқиқотӣ, бахши кор бо наврасону ҷавонони соҳибистеъдод ва бахши «Бастакорӣ» фаъолият дошта, 5 нафар доктори илм, 7 номзади илм,   5  нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, 3 нафар дорандаи Ҷоизаи  ба номи Камоли Хуҷандӣ, 7 нафар Ҳунарпешаи халқӣ ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 8 нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 4 нафар Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иттифоқи композиторон буда, 5 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз  гардидаанд. Аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар баробари эҷоди асарҳои мусиқӣ ва дигар осори мусиқишиносӣ, инчунин, корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат мавриди таҳқиқ қарор дода, вобаста ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии тахқиқотҳои илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пажўҳишҳои муфид анҷом дода истодаанд.