Роҳбарият

амирбек Мӯсоев Амирбек Қараевич соли 1961 дар шаҳри Норак дар оилаи коргар тавваллуд шудааст. Соли 1976 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1985 бо дипломи аъло шуъбаи созҳои миллии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва соли 2010 Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторовро бо ихтисоси композиторӣ ва омӯзгор хатм намудааст. А.Мӯсоев ба сифати омӯзгори мактаби бачагонаи мусиқии ноҳияи Файзобод, дирижёри Оркестри созҳои халқӣ, сармуҳаррири барномаҳои мусиқии радио, сармуҳаррири идораи мусиқии телевизион, котиби масъули Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, омӯзгори калони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва аз соли 2003 дотсенти кафедраи созҳои халқӣ, декани факултаи мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва аз июни соли 2009 ба ҳайси роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, айни замон вазифаи профессори кафедраи созҳои миллии Консерватория ва Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодааст. Аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, аъзои академияи санъати Қирғизистон, беш аз 300 суруд, мусиқӣ барои 19 намоишномаи театр, асарҳои калонҳаҷм барои оркестри симфонӣ, камеравӣ, оркестри созҳои халқӣ, операи бачагонаи «Афсонаи беша», (либреттои С.Умар, 2010), мусиқӣ барои филмҳои «Афсонаи зиндагӣ», «Пайғому падруд», «Муъҷизаи ишқ» ва «Марги бегуноҳ» офаридааст. Лауреати озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва барандаи озмуни навозандагони созҳои мардумии Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Қафқоз ба муносибати 100-солагии Узеир Ҳоҷибеков (1986, ш.Боку), Озмуни нахустини ҷумҳуриявии созҳои халқӣ (1986, ш. Душанбе) мебошад. Асарҳои Амирбеки Мӯсо дар якчанд озмуни байналмилалии эстрадии «Садои Осиё» (1994, 1996, 1998, ш. Алмаато), Озмуни байналмилалии «Бобулистон» (1997, Ироқ), Фестивали байналмилалии «Лӯхтаки дунё» (1992, Теҳрон) садо додаст. Инчунин, ӯ вазифаҳои роҳбари мусиқии Рӯзҳои Тоҷикистон дар Олмон (1997), Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён дар Санк-Петербург, ҷашнҳои давлатии Рӯзи Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, Иди Наврӯз, Рӯзи Сарқонуни ҷумҳуриро сарбаландона иҷро намудааст. Амирбек Мӯсоев солҳои охир якчанд асарҳои мураккаб – Консерти бузург №2 (Кончерто Гроссо) барои скрипка, фортепиано ва оркестр, Консерти бузург №1 (Кончерто Гроссо) барои фортепиано, флейта ва оркестр, операи «Ҳангома дар ҷангал», барои наврасон, (либреттои С.А.Маҳзун, 2013) операи «Хусрав ва Ширин» аз рӯӣ достони ҳамноми Ҳаким Низоми Ганҷавӣ, (либретои Гулназар 2019), балети «Куруши Кабир» (либрети Б.Абдураҳмонов 2020), эҷод намудааст. Амирбек Мӯсоев ҳамчун омӯзгор муаллифи якчанд корҳои илмӣ-методӣ – «Дастурамали ғиҷакнавози навшогирд» (бо муаллифии Амрохон Муборакшоев, Душанбе – «Маориф», 1998), «Рози ғиҷак» (Маҷмӯаи оҳангҳо барои ғиҷак ва фортепиано, дастури таълимӣ, Душанбе, 1997 «Санадвора»), «Орзӯи мутриб» (Дастури таълимӣ, маҷмӯаи оҳангҳои якканавозӣ барои ғиҷак ва дойра, ш. Душанбе, 1994, «Адиб»), «Олами афсона» (Маҷмӯаи асарҳои хурд барои фортепиано, Душанбе, 2005 «Аржанг»), Асарҳои мунтахаб барои скрипка, ансамбли скрипканавозон ва фортепиано (Душанбе, 2006, «Аржанг). «Гулбоғи Ориён» (Маҷмӯаи сурудҳои бачагона, Душанбе, 2009 «Эҷод»), «Навои мардумӣ» (Маҷмӯаи оҳангҳои халқӣ бо муаллифии А.Ҳафизов, «Эҷод», 2010) «Номуси ватандорӣ» (Маҷмӯаи сурудҳо, Душанбе, 2012, «Шаҳпар») мебошад. Амирбек Мӯсоев чун оҳангсози мусиқии касбӣ, омӯзгори пуртаҷриба, ташвиқгари мусиқии муосир ва пуштибони дилсӯзи мусиқии миллии тоҷик дар байни мардум обрӯю эътибори хоса дорад. Хизматҳои арзандаи Амирбек Мӯсоевро ба назар гирифта, ӯро бо ҷоизаи Созмони ҷавонони Тоҷикистон (1995), бо медали «Хизмати шоиста», (1998), Ҷоизаи Иттифоқи композиторогни Тоҷикистон ба номи Борбад (2005) ва унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2008) сазовор гардонидаанд. 11 марти соли 2020 дар Анҷумани ғайринавбатии XV-ум Раиси Иттифоқи  композиторони Тоҷикистон интихоб гардид. СангалиХомидов Соли 1958 таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳои мусиқии шаҳри Душанбе (Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов), Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторовро хатм намудааст. Соли 1958 таваллуд шудааст. Омӯзишгоҳои мусиқии шаҳри Душанбе (Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов), Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторовро хатм намудааст. Санъати композиториро аз композиторон Б.Пиговат, М. Атоев, Я.Сабзанов, А Солиев ва Т. Сатторов омӯхтааст. Муаллифи асарҳои калонҳаҷм ба монанди «Увертюра-фантазия» барои оркестри симфонӣ, кантатаҳо, сюита барои квартети торӣ, пйесаи консертӣ барои фортепиано, пйесаҳо барои чанг ва фортепиано, асарҳо барои гуруҳҳои эстрадӣ буда, самти асосии эҷодиёти С. Ҳамидов мусиқии бачагона аст. Ў шумораи зиёди сурудҳо барои хори бачагона, пйесаҳои гуногунжанр барои созҳои ҷудогонаро офари­дааст. Санъати композиториро аз композиторон Б.Пиговат, М. Атоев, Я.Сабзанов, А Солиев ва Т. Сатторов омӯхтааст. Муаллифи асарҳои калонҳаҷм ба монанди «Увертюра-фантазия» барои оркестри симфонӣ, кантатаҳо, сюита барои квартети торӣ, пйесаи консертӣ барои фортепиано, пйесаҳо барои чанг ва фортепиано, асарҳо барои гуруҳҳои эстрадӣ буда, самти асосии эҷодиёти С. Ҳамидов мусиқии бачагона аст. Ў шумораи зиёди сурудҳо барои хори бачагона, пйесаҳои гуногунжанр барои созҳои ҷудогонаро офари­дааст. Сангалӣ Ҳамидов аз соли 2010 инҷониб узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошад. 29 апрели соли 2017 дар Анҷумани ғайринавбатии XIV-ум муовини Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид. Сангалӣ Ҳамидов аз соли 2010 инҷониб узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошад. 29 апрели соли 2017 дар Анҷумани ғайринавбатии XIV-ум муовини Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.