Комиссияи тафтишотӣ

ПировХасанАлиевич ТошевБахромМуродович
ПИРОВ ҲАСАН АЛИЕВИЧ Раиси Комиссияи тафтишотии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон. Композитор, навозанда, дири­жёри оркестри созҳои миллӣ, композитор. Соли 1951 дар ноҳияи Ваҳдат ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо (Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 1974 то 2004 дар Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов ба ҳайси омӯзгор, солҳои 1998 то 2005 – роҳбари бадеӣ ва сардирижёри Оркестри созҳои миллии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи  А. Ҷӯраев, аз соли 2006 то соли 2014 ба ҳайси декани факултаи мусиқии тоҷики Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов фаъолият намудааст. Бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»  сарфароз гардидааст. Зиёда аз 60 суруду оҳангҳо эҷод намудааст.                                                

ТОШЕВ БАҲРОМ МУРОДАЛИЕВИЧ

 Аъзои Комиссияи тафтишотии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон.

Композитор, навозанда, 21 декабри соли 1967 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.

Хатмкардаи мактаб-интернати миёнаи махсу­си мусиқии ҷумҳуриявӣба номи З. Шаҳидӣ ва Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода мебошад.

Аз соли 1993 ба ҳайси навозанда, баъдан роҳбари мусиқӣ ва бадеии оркестри давлатии «Гулшан» фаъолият намудааст. Айни замон, дар вазифаи муовини якуми директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев фаъолият менамояд.

Мусиқии дилни­шини ӯ дар бисёр чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ бо мувафаққият иҷро карда мешавад. Касбияти баланди Б. Тошев ба ӯ имконият медиҳад, ки сатҳ и жанри мусиќии эстрадиро дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ба дараҷаи баланд бардорад. Ҳамчун эҷодкор дар фаъолияташ беш­тар ба сурудҳои эстрадӣ рў овардааст.

Барои хизматҳои шоён соли 2011 ба медали «Хизмати шоиста» мушарраф  гардидааст.