172 нигоҳ

Консерти мусиқии классикӣ ва лекторияи мусиқӣ дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

20190524_161201 Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мусиқии камеравии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо иштироки васеи аҳли эҷод, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, Вазорати фарњанги Љумњурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, сафоратҳои Австрия ва Федератсияи Россия, донишҷӯён ва ҳаводорони мусиқии касбӣ лекторияи мусиқӣ ва консерти мусиқии классикӣ аз эчодиёти композиторони Австрия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, бобати ташаккул ёфтани маърифати сиёсӣї, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва сатҳи маънавиёти қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷрибаи Тоҷикистондар самти татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавсеаи фаъолияти иттифоқҳои эҷодӣ, дастгирии бонизоми давлатии ташаббусҳо, инчунин ҳифз ва тарғиби шаклҳои гуногунии инъикоси фарњангӣ суханронї намуд. Намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Мушаррафи Шарифова, муовини Вазири фарњанги Љумњурии Тоҷикистон Давлатзода Зевар Маҳмудӣ дар рафти суханронии худ бобати сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои муосиди фарҳангӣ ва муколамаи фарҳангї дар доираи робитаҳои байналмилалии фарҳангӣ суханронӣ намуданд. Барномаи фарҳангӣ бо лексияи доктори илмҳои санъатшиносӣ, професссор Аслиддин Низомӣ дар мавзўҳои “Кашфи созҳои мусиқии миллӣ аз ҷониби композитор Август Эйнгорх” ва “Ташаккули жанри “Валс” дар эҷодиёти композиторони тоҷик: аз Вена то Душанбе” оғоз гардида, ҳозирин ба навгониҳои илмии ҷолиби лексия таваҷҷуҳи хоса зоҳар намуданд. Ќисмати мусиқии барнома дар иҷрои хонандагони мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев ва ҳунарманди соҳибистеъдод Ҷаннат Ҳусейнзода аз осори композиторони Австрия ва Тоҷикистон анҷомбахши пуршукӯҳи чорабинӣ гардид. Бояд тазаккур дод, ки таърихи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия аз соли 1972 бо барқарор шудани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Клагенфурт, ки онро ҳамчун пули дӯстӣ метавон унвон кард оғоз гардида, имрӯз дар сатҳит баланди дӯстӣ қарор доранд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тољикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон ва Вазорати маориф, илм ва пажӯҳиши Ҷумҳурии Австрия доир гардид. Х. Низомов