54 нигоҳ

Барандагони Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ муайян гардиданд

Тавре иттилоъ дода шуда буд, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар иртибот ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» моњи июни соли љорї Озмунро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ эълон намуд. Тибќи хулосаи Комиссияи Озмун ва ќарори Раёсати Иттифоќи композиторони Тољикистон барандагони Ҷоиза композитор, Арбоби њунари Тољикистон, профессор Љўрахон Обидпур ва мусиќишинос, доктори илмњои санъатшиносї Фирўз Ўлмасов дониста шуданд. Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир, инъикоси арзишҳои миллӣ таъсис ёфтааст. Ҷоизаи мазкур ба композиторону мусиқишиносон барои беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ, пажӯҳиши масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, ки дар ду соли охир эҷод гардидаанд, дода мешавад.