960 просмотров

Баррасии масъалаҳои, рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии соҳаи фарҳанг ва санъат дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Дар ҷаласаи васеи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон рафти иҷрои самтҳо ва нақшаи фаъолияти эҷодӣ ва ташкилии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, самтҳои минбаъдаи тавсеаи фаъолияти Иттифоқ, рушди санъати опера, эстрада ва дигар жанрҳои санъат, муаррифии мактаби композиторӣ ва мусиқашиносии тоҷик дар доираи мубодилаи фарҳангии байналмилалӣ, таблиғи санъати  мусиқии касбию анъанавӣ, хифзи анъанаҳои он бо назардошти самтҳои бадеӣ ва  омодагҳо ба тантанаҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов иброз намуд, ки муносибати нав нисбат ба дарки моҳияти санъати касбӣ зарурати ташаккули муҳити нави иҷтимоӣ-фарҳангиро тақозо менамояд, ки тавассути он дар ҷомеа муносибат ба фаъолияти эҷодӣ тағйир меёбад. Дар чунин шароит таҳаввуллоти куллии муҳити анъанавии фарҳангӣ фаро расида,  кордонӣ ва рақобатпазирӣ мақоми аввалиндраҷа пайдо мекунанд. Айни замон, аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъолияти худро баҳри баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии аҳли ҷомеа, дар сатҳи баланди касбию фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳои соҳавӣ равона намуда, баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат, тавсеаи самтҳои фаъолият ва эҷоди асарҳои муосири миллӣ ба натиҷаҳои муайян ноил гардида истодаанд. Зимнан, оид ба иштироки мусиқишиносони тоҷик дар Якумин Форуми байналмилалии санъати мақом дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон натиҷагирӣ карда шуда, аз ҷониби композиторону мусиқишиносон  — доктори илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов, номзади илмҳои санъатшиносӣ Абдувалӣ Абдурашидов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қурбони Қурбониён, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фурқат Саидов, Арбобони ҳунари Тоҷикистон Қудратулло Яҳёев ва Ҷурахон Обидпур  оид ба дарки моҳияти иҷтимоӣ ва дурнамои санъати Шашмақом, муайянсозии самту омилҳои асосии рушду нумўи он, баланд бардоштани мақоми мусиқии суннатии тоҷик дар ҷомеаи муосир, эҷоди асарҳои нав дар усулу зарбҳои Шашмақому Фалак ва  иҷрои нишондодҳои Барномаи давлатии «Рушди дурнамои санъати  Шашмақому Фалак ва мактаби суннатии устод-шогирд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»  фикру мулоҳизаҳои пешниҳод гардиданд. Вобаста ба рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, баҳри ташаккули раванди нерўи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ,  рушди санъати  мусиқии касбии миллӣ ва ҷаҳонӣ, ғанӣ гардонидан ва  фаъол намудани тафаккури бадеии  аҳли ҷомеа, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷиҳати эҷоди асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Қайд карда шуд, ки дар партави сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои ин вазифаҳо дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, тадбирҳои судманд ва ниятҳои неке, ки дар ояндаи наздик агар ба нақша гирифта мешаванд, барои боз ҳам боло бурдани эътибору нуфузи соҳа мусоидат хоҳад намуд.