96 нигоҳ

Ба ифтихори 90 солагии – солагии композитор Абдуллоев Хайрулло

Абдуллоев Абдуллоев Хайрулло (1 феврали соли 1930 – 19 ноябри соли 2008) – композитор, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ. Дар ноҳияи Балҷувони собиқ вилояти Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш, ки худ санъаткор – оркестранти театри мусиқавӣ-драмавӣ буд, мунтазам фарзандашро ҳангоми машқҳои касбӣ ва сафарҳои ҳунарӣ ҳамроҳ мегирифт, ки ин рағбати Хайруллои наврасро ба мусиқӣафзун менамуд. Зимни сафарҳо бо гурӯҳи театрӣба шаҳру ноҳияҳои гуногун, ӯ бо санъаткорони маҳаллию ҳофизони мардумӣва мавзӯю образҳои мусиқии суннатии тоҷик шинос мешуд. Дар синни сездаҳсолагӣХайрулло рубобнавозиро ёд гирифта дар дастаи театрӣиштирок мекард. Дар ҳамкорӣбо солистони театри мазкур ӯ нозукиҳои касб ва анъанаҳои сурудҳои миллиро омӯхт. Ин шиносоии айёми наврасӣ дар ташаккули эҷодии муаллифи минбаъдаи суруду романсҳо таъсири амиқе расонд. Дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, ки таҳсили аввалинро ҳамчун ғиҷҷакнавоз оғоз намуда буд, оҳангсоз А.С. Ленский шавқи табиию истеъдоди азалии Хайруллоро дарк намуда, ба ӯ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуд. Таҳти роҳбарии ин устод X. Абдуллоев нахустин таҷрибаҳои хешро дар таълифи оҳангҳои жанри суруд ба даст овард. Хайруллои ҷавон бештар ба осори классикони адабиёти форсу тоҷик таваҷҷӯҳ дошт ва дарк намуд, ки маҳз ин осор барои мусиқӣ офарида шудааст. Соли 1952 X. Абдуллоев донишҷӯи факултаи назариявӣоҳангсозии Консерваторияи давлатии шаҳри Москва шуд. Устоди ӯ оҳангсози шинохта А.Н. Александров (устоди аввалинаш А.Н. Пахмутова буд) ба назми классикии форсу тоҷик баҳои баланд дода, имкониятҳои васеи тафсири онро дарҷ карда буд. Ин омил бори дигар майлу рағбати X. Абдуллоевро ба суруд ва асари хурди лирикии романс қавитар намуд, ҳарчанд дар раванди таълим ӯ жанрҳои камеравӣ-инструменталӣва симфониро низ бо муваффақият аз худ мекард. Дар охири солҳои 50-ум дар репертуари яккахонони машҳури мусиқӣ-театрии тоҷик асарҳои вокалии ӯ мавқеи хоса пайдо намуда буданд. Номи X. Абдуллоев аллакай вирди забонҳо гашта, дар эълонҳои консертии филармония, барномаҳои консертии радио ва дигар воситаҳои ахбори омма садо медод, ки ин ба нуфузу эътибори минбаъдааш мусоидат менамуд. Аз осоре, ки X. Абдуллоев дар жанри суруд таълиф намудааст, сурудҳои лирикиву романсҳо ба шеърҳои Ҳофизу Ҷомӣ, сурудҳои лирикӣба матни А.Лоҳутӣ, сурудҳо дар мавзӯи ҷанг, ба монанди «Суруди сулҳ» ба матни М. Миршакар, романси «Ба ёдбуди шоири халқӣҲ. Юсуфӣ» ба матни Л. Шералӣ, «Суруди Ғалаба» ба матни А.Қаҳҳорӣхеле машҳуранд. Ҳамаи суруду романсҳои X. Абдуллоев, ки дар марҳалаҳои гуногуни фаъолияти эҷодӣтаълиф шудаанд, як хусусияти умумӣ– садоқати ӯро ба суннатҳои сурудхонии халқи тоҷик таҷассум менамоянд. Ҳамзамон, оҳангсоз бо як маҳорати хоса ҳар як нозукии соҳаро омӯхта, ин анъанаҳоро бо унсурҳои замонавӣрушду равнақ медиҳад. Хусусияти фарқкунандаи мусиқии ӯ аз манбаи лирикӣвобаста аст – он ғайриодӣбуда, дар баробари он ҳам дилписанду ҷозибадор ва ҳам пурмаънист. Аз қадамҳои нахустини роҳи эҷодӣX. Абдуллоев ба мусиқии камеравӣ-инструменталӣтаваҷҷӯҳ дошт. Ба ғайр аз миниатюраҳои фортепианоӣва силсилаи прелюдияҳо, вай солҳои 50-ум инчунин Сюита барои скрипка ва фортепиано (1955), Трио барои скрипка, виолончел ва фортепиано (1956) ва як қатор асарҳои мусиқиро дар ин жанр таълиф намуд. Оҳангсоз дар эҷод намудани мусиқӣбарои хор низ маҳорати хубе дошт. Нахустин асарҳои барои хор эҷодкардаи ӯ чаҳор хори a’capella ба матни А. Ҷомӣва М. Турсунзода буда, дар соли 1975 эҷод шудаанд. Аз ҳамаи асари мӯътабаре, ки X. Абдуллоев дар ин жанр офаридааст, кантата барои яккахонҳо, оркестр барои хор ва симфонияи «Садои Осиё» аз рӯи достони М. Турсунзода мебошанд, ки арзиши баланди ғоявию бадеиро доро мебошанд. Маҳз ин кантата минбаъд байни сурудҳою мусиқии камеравӣва асарҳои симфониявии эҷодиёти X. Абдуллоев пули махсусе шуд. Аввалин асари бузурги ӯ дар жанри симфония – Консерт барои скрипка ва оркестр (1958) ба ҳисоб меравад. Асосан, қисмати дуюми асар, ки самимона ҷаззобияти савту наво ва нафосати тобишҳои оркестрро тараннум менамояд, басо мароқангез аст. Баъдтар дар ин самт пай дар пай асарҳои Симфониетта (1963), Се рақси симфонӣ(1965), достони симфонии «Ленин» барои хор ва оркестр ба шеъри М.Турсунзода (1969), Достон барои оркестри симфониявӣ(1970) таълиф шуданд. Дар партитураҳои симфониявӣХайрулло Абдуллоев воситаҳои таъсирбахшу маънодори оркестрро интихоб менамуд. Агар партитураи композиторро ба наққошӣшабоҳат диҳем, метавон гуфт, ки ӯ бо акварел кор карда, рангҳои камнури оркестрӣ, рангҳои латифу нафис ва муқоисаи тобиши онҳоро меписандид, достонҳои вокалӣсимфонии «Нолаи Таҳмина» ва «Ахгари инқилоб» низ аз зумраи чунин асарҳоанд. Дар таълифи жанри симфония чун дар эҷоди сурудҳояш, оҳангсоз ба мусиқии суннатии халқӣтакя мекунад. Дарку фаҳмиши амиқи мусиқии мардумӣба ӯ имкон додааст, ки асарҳои дилнишине барои оркестри асбобҳои мусиқӣэҷод кунад. Ба ғайр аз як қатор асарҳои хурдҳаҷм, X. Абдуллоев Фантазия барои рубоб бо оркестр, сюита, сурудҳо ва романсҳо барои овоз бо оркестр навиштааст. Оҳангсоз бо театр низ ҳамкории фаъол дошт. Ба қалами ӯ мусиқӣбарои чандин намоишномаҳои Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С. Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) ва ғайра тааллуқ дорад. Дар ин радиф мусиқии намоишномаҳои «Рустам ва Сӯҳроб», «Қишлоқи тиллоӣ», «Офарин, Шерак!», «Дохунда» назаррасу хотирмон буданд. Жанрҳои нави мусиқии муосири тоҷикӣтарғиби ҷиддиву оммафаҳмиро талаб мекарданд. Аз ин рӯ паҳлуи дигари фаъолияти эҷодии ӯро мақолаҳо бахшида ба эҷодиёти оҳангсозони тоҷик, тарғиби мусиқии онҳо дар нашрияҳову телевизиони ҷумҳуриявӣташкил медиҳанд. Ӯ яке аз ташаббускорони фестивали телевизионии «Бӯстон» буд. Дар солҳои охир оҳангсоз асарҳои дархӯри ҳозиразамонро дар мавзӯи сулҳ ва дӯстии байналмилалӣтаълиф намудааст. Дар миқёси ҷумҳурӣсурудҳои «Москва – Кобул», «Инқилоби Савр», «Сайёраи моро ҳифз намоед», достони вокалӣ-симфонии «Роҳи хирад» шӯҳрати зиёд пайдо карданд. Аз соли 1962 X. Абдуллоев узви Иттиҳоди оҳангсозон буд. Ӯ чандин дафъа ба узвияти Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва солҳои 2004–2008 ба ҳайси ҷонишини раиси он фаъолият кардааст. Бо Грамотаи фахрӣ ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (1945, 1977) сарфароз шудааст. Соли 2004 ба ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовор гардидааст. Асарҳои мунтахаб 1955 – Трио барои скрипка, виолончел ва ф-но. 1956 – Кантатаи «Садои Осиё», шеъри. М. Турсунзода. 1957 – Консерт барои скрипка ва оркестри симфонӣ. 1962 – Симфониетта. 1966 – «Достони Ленин», шеъри М. Турсунзода, барои хор, яккахон ва оркестри симфонӣ. 1976 – Достони вокалӣ-симфонии «Ахгари инқилоб», шеъри С. Айнӣ. 1978 – Достони «Нолаи Таҳмина» барои хор, яккахон ва оркестри симфонӣ. 1980 – Достони симфонӣ. 1983 – Сурудҳо дар васфи сулҳ ва дӯстӣ: «Москва – Кобул», шеъри Б. Шафсӣ, «Сайёраи моро ҳифз намоед», шеъри М. Боқӣва дигарон. 1984 – Сюитаи рақсии «Лола», шеъри халқ. 1985 – Достони вокалӣ-симфонӣ«Роҳи хирад», шеъри Ҳ. Ғоиб. Асарҳои баъди соли 2004 эҷодшуда Оратория барои хори бачагона, яккахон ва оркестри симфонӣ, шеъри Н. Бақозода. «Қиссаи уштур», шеъри М. Ҳайдаршо, ба ифтитоҳи туннели Анзоб бахшида шудааст. «Суруди Душанбе», шеъри А. Қодирӣ. «Наврӯзи Душанбе», барои хори бачагона. «Эй, ёр куҷо рафтӣ», шеъри Ҷ. Румӣ. «Тоҷик ҳама ҷову Тоҷикистон – яктост», шеъри Гулназар, барои яккахон ва оркестри созҳои халқӣ. «Дидам Ватанам», шеъри Н. Бақозода. «Дӯстии тоҷикону Хитой», шеъри А. Қодирӣ. «Сюитаи рақсӣ», сюита барои ансамбли «Лола». «Ушшоқи Анзоб», шеъри С. Айюбӣ. «Ҷои Душанбе», сюита, шеъри А. Маҳзун. «Ҳирот», достон барои оркестри созҳои халқӣ.