524 нигоҳ

ВАО: Дар Душанбе китоби «Таърихи мусиқии тоҷик» -и профессор Аслиддин Низомӣ рӯнамоӣ гардид

Октябрь 24, 2018 08:30
ДУШАНБЕ, 24.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ таҳти унвони «Таърихи мусиқии тоҷик» рӯнамоӣ гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар маросими рӯнамоии он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли илму адаб, олимон, устодону донишҷӯён ва дӯстдорони санъати мусиқӣ иштирок намуданд. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода ба муаллифи китоб барои заҳмату талошҳои беандозааш дар рушду нумуи санъати мусиқии тоҷик арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки китоби мазкур имкон медиҳад мардуми тоҷик аз таъриху тамаддуни халқи хеш, бахусус санъати мусиқии бою рангини ин миллати куҳанбунёд бохабар шаванд. «Мояи ифтихор аст, ки мусиқии тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат хеле тараққӣ намуда, на танҳо дар дохили кишвар, инчунин дар арсаи ҷаҳонӣ халқи тоҷикро ҳамчун мардуми санъатдӯсту соҳиби фарҳанги бой муаррифӣ намудааст. Китоби мазкур низ воситаи хуби омӯзишӣ барои фарҳангшиносон, адабиётшиносон, муаррихон, мутахассисони соҳаи санъатшиносӣ, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии соҳаи санъат, ҳамзамон доираи васеи хонандагон мебошад»,-иброз дошт Вазири фарҳанг. Шамсиддин Орумбекзода инчунин зикр намуд, ки таърихи тамаддуни мо дорои садҳо ва ҳазорҳо намунаҳои олии шеъру мусиқӣ мебошад, ки шашмақому фалак мисоли беҳтарини онҳост. Аз ин сабаб таъриху тамадуни халқи тоҷикро  бидуни ҳунари волои мусиқӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дар замони истиқлолият бо ғамхориву ҳидоятҳои  Пешвои муаззами миллат санъати мусиқӣ боз ҳам рушду такомул ёфта, он дар сатҳи ЮНЕСКО эътироф гардидааст. Мавриди зикр аст, ки муаллиф бо истифода аз теъдоди хеле зиёди сарчашмаҳои таърихӣ оид ба мусиқӣ ва адабиёти илмии соҳавӣ ҷойгоҳи ҳунари мусиқӣ ва ҷанбаҳои илмии онро дар таърихи зиндагии халқи фарҳангофарини тоҷик таҳқиқ намудааст. Муаллифи китоб Аслиддин Низомӣ иброз дошт, ки хонанда тавассути ин асар метавонад то андозае дар бораи таърихи пурғановати мусиқии тоҷик маълумот пайло намояд. Дар ин асар ҷойгоҳи мусиқии тоҷик дар тамаддуни миллати тоҷик низ баръало нишон дода шудааст. «Тайи даҳ соли охир ба навиштани ин китоб машғул будам ва пеш аз ҳама, хостам аз маълумоте, ки аз мо пештар олимони тоҷик, аҷдодони мо доир ба мусиқӣ навишта буданд, ҳарчи зиёдтар рӯи саҳифаи ин китоб оварам»,- гуфт профессор Аслиддин Низомӣ. Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев дар ҳамоиш иброз дошт, ки  муҳаққиқи асар донандаи хуби фалсафаи мусиқӣ ба шумор меравад ва тавассути ин рисола нишон медиҳад, ки чӣ тавр санъати мусиқӣ   хусусияти ҳирфаӣ касб кардааст.