477 нигоҳ

Ваҳдат — рамзи шарафу номуси ватандорӣ

Миллати тоҷик дар таърихи тӯлонӣ ва қадимаи худ бисёр давраҳои сахту сангинро паси сар намудааст ва таърих гувоҳ аст, ки бо фарҳанги воло, хиради азалӣ ва тадбиру таҳаммул аз ҳама гуна бӯҳронҳои иҷтимоию маънавӣ бо сарбаландӣ раҳоӣ ёфтааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри гузашта, имтиҳони навбатии таърих ва озмоише буд барои миллати хирадпешаи мо. Ин навбат низ рисолати сулҳпарварии миллати шарифамон ба суботу оромии кишвар равона гардида, дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ бо ташаббус ва иродаи нек, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои қадам ба қадам расидан ба сулҳи воқеӣ, барои осоиши мардум ва бунёди Ваҳдати миллати мо талошҳои созанда карданд. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки бо услуби хоса ва нодири сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, эътибори миллати моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати фарҳангию мутамаддин хеле боло бурда, он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ пазируфта шуд. Саъю талоши пайваста дар ин роҳ имкон дод, ки фазои ороми Ватан ва суботи ҷомеа барқарор, ояндаи неки фарзандон таъмин гашта, Тоҷикистони азизи мо ба кулли ҷаҳониён бо чеҳраи нави мутамаддин муаррифӣ гардад. Аз ин дастовард тамоми мардуми Тоҷикистон сарфарозию ифтихор доранд ва талош мекунанд, ки неъмати бебаҳои сулҳу суботро ҳифз намоянд ва азизу муқаддас доранд. Раванди устувори демократикунонии ҷомеаи Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати мо яке аз миллатҳои қадимтарин ва соҳиби фарҳангу таърихи қадима буда, эҷодгари сарнавишти худ аст ва метавонад бо нерӯи маънавию дастовардҳои сиёсиаш тамаддуни башариро боз ҳам ғанитар гардонад. Ваҳдату суботи ҷомеа барои мо имрӯз арзиши волою муқаддас ба шумор меравад ва хушбахтона имрӯз тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Ваҳдат муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи таконбахши ҳаёти мо мебошад. Тоҷикистон имрӯз ба мулки шаҳриёрони сарафроз, донишмандону бузургони равшанзамир, ҷавонмардони хештаншиносу ватандӯст табдил ёфтааст. Бо шарофати пуштибонии самимона ва заҳмати софдилонаи мардуми кишвар ба Ҳукумати мамлакат муяссар шуд, ки аз оғози қарни нав дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ доир ба ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар навбати худ омили аз ҳама муҳим — таҳкими худшиносии миллӣ аз мадди назар дур намонд. Аз ин рӯ, қайд намудан ҷоиз аст, ки марҳилаи муосири рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ тавъам бо нақши истиқлолияти миллӣ дар шароити сохтмони ҷамъияти демократӣ мебошад. Имрӯз ташаккули нигоҳи ҷадиди сиёсӣ дар руҳияи истиқлолияти миллӣ, бунёди ҷомеаи инсонпарвар, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ — яке аз вазифаҳои асосӣ буда, дар раванди рушди давлатдории тоҷикон яке аз ҳадафҳои асосӣ масъалаи ҳифз ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, густариши фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Андешаи миллатсози ваҳдат ҳамон вақт самараи дилхоҳ ба бор меорад, ки қабл аз ҳама моҳият ва мафҳуми Ватану ватандорӣ, қадру манзалати истиқлолияти давлатӣ, худшиносиву худафрӯзӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қалбу шуури ҳар як шаҳрванди кишвар ҷой гирад ва решадор гардад». Имрӯз моро зарур аст, ки чунин армуғони беназири таърих — Ваҳдату ягонагии миллатамонро барои ҳамешагӣ ҳифз ва таъмин намуда, дар баробари ин, онро ба наслҳои оянда мерос гузорем. Қиссаи Ваҳдати моро ба ҳама ҷо донанд, Сухан аз Сулҳ равад, Сарвари моро хонанд. Ҳар куҷо пайкараи Ваҳдат агар бигзоранд, Ном бояд, ки ба он тоҷ ба сарҳо монанд. Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем, Чун нишони ориён машҳур гаштем. Бигзор, ки дар диёри бостонии мо парчами Ваҳдат хамеша барафрошта, суруди дустиву бародарӣ ва шодию нишот дар Точикистони азиз танинандоз гардад. Бо ҳамин нияту орзуҳои хушу гуворо барои ҳамаи ҳамватанон шодию нишот ва фирӯзию бурдбориҳо хоҳонем. Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак! Хуршед Низомов, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон