89 нигоҳ

Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ оғоз мегарданд

Delfijskie-igry-SNG ДУШАНБЕ, 20.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар толори «Вегас Сити»-и вилояти Москваи Федератсияи Россия бисту чорумин Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд. Тавре Раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Хуршед Низом ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҳайати Тоҷикистон барои омодагии пеш аз оғози бозиҳо 22 ноябр ба Федератсияи Россия сафар мекунад. Бино ба иттилои манбаъ, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётҷон Ҳамрохонов, Амриддин Мирзоев ва Амрулло Калонов дар номинатсияи «Суруди академӣ», Афзалшоҳ Сафарзода — «Суруди эстрадӣ», Фараҳноз Қурбонмаҳмадова дар «фортепиано» иштирок мекунанд. Ёдовар мешавем, ки Ҳаётҷон Ҳамрохонов ва Амрулло Калонов ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд. Ҳамзамон се нафар мутахассисони соҳаи санъат- Раиси Иттифоқи композиторон Хуршед Низом, директори Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Манучеҳр Шарифзода ва мусиқишинос, доктори илми санъат Фирӯз Улмасов дар озмун ҳамчун доварони бозиҳо намояндагӣ хоҳанд кард. Озмун аз рӯи 6 номинатсия — фортепиано, скрипка, академикӣ, халқӣ, сурудҳои поп, номинатсияи кушода доир мегардад. Дар ҳайати дастаҳои мунтахаби давлатҳои аъзои ИДМ беш аз 400 нафар рассомони сатҳи маҳорати баланди синнашон аз 10 то 25-сола ширкат меварзанд. Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ- дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад. Тибқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баҳри ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ҳамасола баргузории Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ пешбинӣ шудааст. Фаъолияти Кумитаи байналмилалии Бозиҳои Делфӣ аз ҷониби 65 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст. Таърихи Бозиҳои Делфӣ аз соли 582 пеш аз милод ҳисоб карда мешавад. Номи пешинааш Пиф буд, ки беш аз 1600 сол пеш ин бозиҳо манъ шуда, танҳо аввали асри XX эҳё карда шуданд. Аз соли 1927 то 1930 дар Юнон ҷашнвораи Делфӣ баргузор шуд. Аммо Ҷанги Дуюми Ҷаҳон сабаб гардид, ки баргузории форуми олии санъат муваққатан қатъ шавад. Давраи нави Бозиҳои Делфӣ соли 2000 оғоз ёфт ва бо иштироки 27 давлат дар Россия аввалин Бозиҳои Делфии ҷаҳонӣ баргузор гардиданд. Дар он аз рӯи 18 номинатсия 938 нафар ширкат варзида, доварон намояндагони 13 кишварро дар бар гирифтанд. То имрӯз 13 Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида шудаанд. Танҳо дар даври финалии чорабиниҳо зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавонписарон ва духтарони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳод ширкат варзиданд. Ёдовар мешавем, ки соли 2017 дар Екатеринбург хонандаи Мактаби миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Идибек Тошев медали тиллои ин озмуни бонуфузро ба даст оварда буд. Delfin