360 нигоҳ

Дар Душанбе таҷдиди бинои «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» идома дорад

teatr-1 ДУШАНБЕ, 30.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, то таҷлили ҷашни таърихии мамлакат — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешаванд. Дар ин замина, алҳол таъмиру таҷдиди бинои Муассисаи давлатии «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский», воқеъ дар кӯчаи Борбад, 52/2, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе (собиқ бинои Кохи «Тоҷикистон») идома дорад. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, таҷдиду таъмири бинои театри мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13 декабри соли 2017 роҳандозӣ гардидааст. Тибқи қарори дахлдор, ба Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмиру таҷдиди бинои «Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский» бе тағйир додани сарҳади он иҷозат дода шудааст. Мавриди ёдоварист, ки театри мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе соли 2016 аз бинои пешинааш, ки дар хиёбони Рӯдакӣ воқеъ гардида буд, ба Кохи «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷойи нишаст аст, кӯчонида шуд. Бояд илова намуд, ки бинои мазкур дар паҳлӯи «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» воқеъ гардида, дар сераҳолитарин макони шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Бояд гуфт, ки бо назардошти навсозию сохтмони биноҳои баландошёна дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар хиёбони Рӯдакӣ иншооти як, ду ва сеошёнае, ки ба талаботи шаҳрсозӣ ва конструктивӣ ҷавобгӯ нестанд ва симои меъмориашон коста гардидааст, аз байн бурда мешаванд. Мутобиқи он зарурати кӯчонидани бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский низ ба миён омад. Тибқи иттилои масъулини Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, бинои пешинаи Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский аввали солҳои 30–юми асри XX сохта шуда, аз бинои якошёнаи дорои 300 ҷойи нишаст ва иморатҳои таъйиноти хоҷагидорӣ иборат буд. «Муҳлати истифодаи он панҷоҳ сол муайян гашта буд. Вале қариб навад сол мешавад, ки он мавриди истифода қарор дорад. Дар ин муддат бино фарсуда гардида, ба талаботи театри замонавӣ ҷавоб дода наметавонад», — иброз дошт манбаъ. Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский 7 ноябри соли 1937, дар асоси гурӯҳи ҳунармандони таҳти сарварии коргардони шинохтаи шӯравӣ А. Дикий ба Тоҷикистон омада таъсис ёфта, яке аз калонтарин театрҳои русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки театри мазкур нахустин мавсимро бо спектакли «Замин»-и Н.Вирти оғоз намудааст. Жанри театр драмавӣ буда, яке аз аввалин ҳунарпешаҳои он Николай Волчков буд, ки соли 1974 унвони «Ҳунарпешаи халқии СССР»-ро аз Тоҷикистон сазовор шудааст. Коллективи эҷодии театр асосан асарҳои драматургони советӣ «Соати бурҷи Кремл»-и Н. Погодин, «Масъалаи русҳо», «Сояи бегона»-и К.Симонов, «Барои онҳое, ки дар баҳранд»-и Б.Лавренев, «Интервенсия»-и Л.Славин, «Дар паси фронти дуюм»-и В.Собко, «Бронепоезди14-69»-и В.Вишневский, «Кӯпруки оташин»-и Б.Ромашов ва ғайраҳоро таҳия намудаанд. Театр соли 1988 ба Ордени «Дӯстии халқҳо» сазовор дониста шудааст.