517 нигоҳ

Дар Душанбе Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 24.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 27 — 28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали фарҳангии «Рӯзҳои Япония» баргузор мегардад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории рӯзҳо густариши робитаҳои фарҳангии дуҷониба миёни Тоҷикистону Япония мебошад. Ба иттилои манбаъ, ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳо ва барномаи консертӣ шоми 27 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар назар аст. Қабл аз ифтитоҳи расмӣ дар назди театри мазкур намоиши ҳунарҳои мардумии Япония ва Тоҷикистон манзури меҳмонони фестивал мегардад. Ҳамчунин тибқи барнома, рӯзҳои 27-28 октябр дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои сайёҳӣ ва техникӣ, либосҳо ва хӯрокҳои миллӣ сурат мегирад. Мавриди зикр аст, ки фестивал аз ҷониби Сафорати Япония дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.   Бознашр аз АМИТ Ховар