95 нигоҳ

ДУШАНБЕ СОЛИ 2021 ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ МЕГАРДАД. Дар бораи омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои узви ИДМ

image038 ДУШАНБЕ, 12.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканд моҳи июни соли 2020 баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории фарҳангии давлатҳои узви ИДМ (минбаъд — Шӯро), ки рӯзномаи он 16 масъаларо дар бар мегирад, дар назар аст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ. Ба баррасии масъалаҳои зерин диққати махсус дода мешавад: — дар бораи чорабиниҳои асосии ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи асосии ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2021–2025; — дар бораи чорабиниҳои фарҳангии давлатҳои узви ИДМ дар соли 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945. — дар бораи иштироки давлатҳои Иттиҳод дар Намоишгоҳи байналмилалии «ART EXPO»-и кишварҳои узви ИДМ дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Беларус ва дар бораи макони баргузории он дар соли 2022. Аъзои Шӯро, вазирони фарҳанги кишварҳои ИДМ татбиқи барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2020 дар Ҷумҳурии Қазоқистон (Чимкент) ва омодагӣ ба татбиқи онро дар соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) муҳокима мекунанд. Баррасии масъалаи раёсат дар Шӯро, ки тибқи Низомнома дар бораи Шӯро аз Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Қазоқистон мегузарад, пешбинӣ шудааст.