138 нигоҳ

Зокир Нишонов: Яке аз асосгузорони жанри эстрадаи тоҷик. Ба ифтихори зодрўзи Устод.

photo_2020-05-18_08-12-53 Нишонов Зокир Баҳромович – композитор. Соли 1942 таваллуд шудааст. Ҳанўз аз овони мактабӣ ба навохтани созҳои гуногун мароқ зоҳир намуда, дар ансамблҳои мактабӣ ҳунарнамоӣ мекунад. Садоқатро нисбати мусиқии созии эстрадӣ вай инчунин ҳангоми таҳсил дар Омўзишгоҳи мусиқии Душанбе ва фаъолият ба ҳайси ҳунарпешаи Театри драмавии ба номи А.Лоҳутӣ нигоҳ дошт. Минбаъд ҳамин равия майлу рағбатҳои композитории ўро муайян намуд. Ба ҳайси навозандаи ансамбли эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радио кор карда, дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳсил намуда (соли 1976 хатм намуд), сониян ба ансамбли «Орзу»-и Тоҷикгосконсерт роҳбарӣ карда, З.Нишонов ҳамеша барои ҳайатҳои вокалӣ-созии эстрадӣ композитсияҳои нави мусиқӣ эҷод менамуд. Бо назардошти маъруфияти хеле зиёди ин жанр дар байни ҷавонон, онро дар замони мо метавон ҳамчун як василаи самарабахштарини тарбияи зебописандии насли наврас эътироф намуд. Фарҳанги мусиқии эстрадӣ ба ташаккул ва интихоби завқи хуб ва идроки зебописандии ҷавонон мусоидат мекунад. Композитори муосир метавонад васоити таъсирбахш ва техникаро моҳирона истифода бурда, ба сўи маводи баланд-мазмуни бадеӣ ва ғоявӣ саъй намояд. Асари мусиқиро ба рўҳияи замона мутобиқ гардонда, бартариятҳои мусиқиро ба забони муосир талқин кунад. Эҷодиёти эстрадии З.Нишонов ҳамеша амиқан миллӣ боқӣ монда, аз бисёр ҷиҳат комёбии онро муайян месозад. Амалан ў дар ҷумҳурӣ аввалин шахсест, ки жанри мусиқии эстрадиро дар асоси мероси халқии тоҷикӣ кор кардааст. Радиои ҷумҳурӣ бисёр пйесаҳои созии ўро барои оркестри эстрадӣ сабт намудааст. Ҳангоми таҳсил дар шўъбаи мусиқишиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода З.Нишонов бо шавқи зиёд композитсияро аз омўзгор Г.Александров меомўзад. Ин солҳо вай асарҳо дар жанри симфонӣ, камеравӣ-созӣ, барои оркестри созҳои халқӣ эҷод мекунад. Ҳамин тавр асари барҷаставу пурҳарорати Достони симфонӣ, Сюита барои оркестри симфонӣ, Консерт барои флейта бо оркестр, Увертюра ва Сюитаи рақсӣ ба-рои оркестри созҳои халқӣ, Соната барои виолончел ва фортепиа-но, якчанд пйесаҳо барои созҳои гуногун ва бисёр асарҳои дигар офарида шуданд. Соли 1982 З.Нишонов узви Иттифоқи композиторон пазируфта мешавад. Ҳангоми фаъолият ба сифати директори мактаби мусиқии №3-и ба номи А.Ленскийи шаҳри Душанбе вай пайваста дар фаъолияти эҷоди Иттифоқ ширкати фаъолона варзида, барои намоишномаҳои театрӣ ва кинофилмҳо мусиқӣ эҷод мекунад. Соли 1994 вай ҷоизаи Озмуни асарҳои мусиқӣ барои оркестри Вазорати му-дофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад. Барои ин оркестр вай 8 марш навиштааст. Аз соли 1993 то 2005 ба сифати дирижёри ҳарбӣ, солҳои 2005 – 2009 роҳбари бадеӣ ва дирижёри оркестри созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекунад. Барои орке-стри номбурда Увертюра, Ду токката, пйесаҳо, такмилҳои сурудҳои халқиро барои сарояндагони оркестр эҷод мекунад. Аз соли 2009 ба ҳайси мушовири ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекунад. Дар бойгонии композитор мусиқӣ ба намоишномаҳои Театри мазҳакаи мусиқии ба номи А.С.Пушкини Ленинобод (ҳоло К.Хуҷандӣ), аз ҷумла «Лўлӣ», «Фаввораи Боғчасарой», «Рамаяна», «Маугли», ба водевили Н.Исломов «Неожиданная невеста», ки Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл.Маяковский ба саҳна гузошта буд, ба намоишномаҳои Театри драмавии Қўрғонтеппа «Шоҳи лучак» ва диг. маҳфузанд. Инчунин барои ҳашт филми мустанад ва мултипликатсио-нии «Тоҷикфилм» мусиқӣ эҷод кардааст. Умуман, композитор З.Нишонов имрўз ҳам чун пештара нисбат ба жанри эстрадӣ таваҷҷўҳи бештар дорад.Вай сурудҳое менависад, ки туфайли шакли муосири хеш, оҳангҳои барҷаста, ҳиссиёти самимӣ, муҳимияти мавзўъ ба зудӣ иҷрокунандагону мухлисони худро дар байни дўстдорони эстрада пайдо мекунанд. Аз сурудҳои ў метавон, «Хуш бош» ва «Гуворо бод айшат» ба шеъри Д.Каримзода, «Забони модарӣ» ва «Тоҷикистон» ба шеъри Н.Саидӣ ва бисёр дигаронро номбар намуд. Корҳо дар жанрҳои пйесаҳои оркестрӣ, композитсияҳои вокалӣ-созӣ идо-ма доранд. Ҳоло композитор корҳои зиёди ташкилиро ба хотири ҳифзу рушди оркестрҳо анҷом дода, ба Ватани хеш ба таври арзанда хизмат карда истодааст. Яке аз офаридаҳои тозаи ў – оркестри эстрадӣ-нафасии Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулови Душанбе мебошад. Композитор дар айни камолот аст ва бидуни шак асарҳои гуногунжанри Зокир Нишонов ба саҳнаву репертуари таълимиро пурра мегардонанд. Асарҳои мунтахаб 1975 – Соната барои виолончел ва фортепиано. 1976 – Сюитаи рақсӣ барои оркестри созҳои халқӣ. 1977 – Увертюра барои оркестри созҳои халқӣ. 1980 – Достони симфонӣ. 1981 – Консерт барои флейта бо оркестр. 1986 – Сюита барои оркестри симфонӣ. Силсилаи пйесаҳобарои созҳои гуногун. Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ: «Лўлӣ», «Рамаяна», «Маугли», «Фаввораи Боғчасарой», «Арўси ногаҳонӣ», «Шоҳи лучак» ва диг. Сурудҳо ва пйесаҳо барои ансамблҳои эстрадӣ.