78 нигоҳ

Иштирокчиёни Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфӣ соҳиби диплом шуданд

Delfijskie-igry-Tadzhikistan-1 Delfijskie-igry-Tadzhikistan-3 Delfijskie-igry-Tadzhikistan-1 Delfijskie-igry-Tadzhikistan-2-1-136x200 ДУШАНБЕ, 26.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчӣ аз Тоҷикистон Афзалшоҳ Сафарзода, ки дар номинатсияи «Овозхони эстрадӣ» дар Бозиҳои Делфӣ ҳунарнамоӣ намуд, барои неруи баланди эҷодии худ диплом гирифт. Суруди сароидаи ӯ дар барномаи ниҳоии консерти муштарак, ки 25 ноябр дар толори шаҳри Вегас баргузор шуд, на танҳо доварони сахтгир, балки тамошобинонро низ мафтун кард ва онро хуш пазируфтанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов хабар дод. «Афзалшоҳ Сафарзода суруди Игор Николаев «Дар ёд бидор» -ро ҳамроҳ бо Оркестри давлатии симфонии Москва иҷро намуд. Барои иштирокчиёни мо ширкат дар чунин як барномаи бузурги фарҳангӣ муваффақияти калон аст. Ин метавонад барои ба даст овардани таҷрибаи нави байналмилалӣ ва инчунин барқарор кардани тамос бо ҳамкасбон аз дигар кишварҳо сабаб гардад. Иштирокчиёни дигари бозиҳо низ соҳиби дипломҳо шуданд», — зикр кард Хуршед Низомов. Бозиҳои Делфӣ мусобиқаҳо дар соҳаҳои мухталифи санъат мебошанд, ки ба рақобати интихоботӣ шабоҳат доранд, яъне, саҳна танҳо ҷои беҳтаринҳост. Иштирокчиён ба саҳна бо ҳам ҷуфт мебароянд. Ҳар яке бо навбат ҳунарнамоӣ менамояд, онҳое, ки қобилияти камтар доранд, хориҷ мешаванд ва танҳо қавитаринҳо боқӣ мемонанд. Дар ин муборизаи эҷодӣ 500 нафар аз 10 кишвар дар 6 номинатсия ширкат варзиданд. Ҷумҳурии моро имсол 5 нафар намояндагӣ карданд, ки 3 нафари онҳо довар буданд. Ёдовар мешавем, ки аз 22 то 26 ноябр дар вилояти Москва 14-умин Бозиҳои делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ баргузор шуданд. Бозиҳо ҷавонони эҷодкори аз 10 то 25-соларо муттаҳид карданд. Барномаи бозиҳои мусобиқавӣ аз 6 номинатсия иборат буданд — фортепиано, скрипка, фолклор, сурудҳои академикӣ, поп ва инчунин номинатсияи кушода. Ғайр аз ин, конфронси байналмилалӣ, лоиҳаҳои махсуси «Мо дар хотир дорем», «Театр», «Соли адабиёт дар кишварҳои ИДМ» баргузор шуданд. Солгарди Бозиҳои 15-солагии Делфии кишварҳои узви ИДМ моҳи апрели соли 2020 дар вилояти Омск баргузор мешавад. Delfijskie-igry-Tadzhikistan-2-1-136x200 Delfijskie-igry-Tadzhikistan-1