476 нигоҳ

Маҳфили аҳли эҷод бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

2020-03-13ramzhoi_navruz Дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани ҷашнҳои таърихиву миллӣ ба эҳёи фарҳанги асили миллати тоҷик равона карда шуда, аҳамияти тарбиявии чорабиниҳои мазкур дар ташаккули фаҳмиши таърихи миллат ва худшиносии тоҷикони муосир хеле бузург аст. Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёӣ, хоса тоҷикон буда, дар даврони тӯлонии таърих вобаста ба воқеаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва ҳаёти фарҳангӣ ҳам аз нигоҳи замони таҷлил ва ҳам аз ҷиҳати шаклу мазмун таѓйиру такмил ёфта, дар Тоҷикистон иди Наврӯз ба он шукӯҳу шаҳомате, ки таърихан сазовор гардидааст, бо ҳисси баланди ифтихор аз фарҳанги миллӣ баргузор карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки иди бузурги таърихию суннатии Наврӯз дар даврони истиқлолияти кишвар маънои нав пайдо кард ва боиси ифтихор аст, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ−Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашта, дар ҷаласаи навбатии Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба мероси ѓайримоддии фарҳангӣ номинатсияи «Наврӯз» расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуд. Бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар толори мусиқии камеравии Иттифоқ бо иштироки васеи аҳли эҷод маҳфили фарҳангӣ доир гардид. Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсоев дар суханронии худ вобаста ба мақому манзалати Наврӯз ва саҳми композиторону шоирон дар инъикоси анъанаҳои ин ҷашни аҷдодӣ сухан намуда, ҳамзамон қайд намуд, ки маҳз ба шарофати ному хидматҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои миллӣ дар сарзамини куҳанбунёдамон вусъати тоза пайдо карда, эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, шукуҳу азамати давлатдории аҷдодӣ, бунёди низоми адолатпеша тадриҷан ба нерӯи бонуфузи ѓоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил ёфта, рукнҳои давлатдорӣ пойдору устувор гардидаанд. Дар рафти маҳфил Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ аз осори худ шеърҳоро оид ба ҷашни Наврӯз қироат намуда, устодони санъат Файзалӣ Ҳасанов, Ҷамшед Исмоилов, Баҳодур Неъматов, Бурҳон Мамадқулов, ҳунармандони Оркестри эстрадии «Гулшан», муовини якуми директори муассисаи давлатии «Иттиҳодияи гуруҳҳои эҷодӣ-консертӣ» Убайдулло Иброҳимзода, хонандагони мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бо сурудҳо дар васфи Наврӯз аз осори шоирони классикӣ ва муосири тоҷик иҷро намуданд.