302 нигоҳ

Маҳфили гиромидошти хотираи композитори шаҳири тоҷик Абдуфаттоҳ Одинаев

odinaev fato                               20181022_123223   Дар толори консертии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А.Бобоқулов бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Коллеҷи санъат бахшида ба 80 – солагии композитори маъруф, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи бо номи А.Рӯдакӣ Абдуфаттоҳ Одинаев маҳфили гиромидошти хотира ва барномаи консертӣ аз эҷодиёти ин композитори шаҳири тоҷик баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур аъзои Иттифоқи композиторон, ҳамкорон, шогирдон, ахли фархангу санъат  ва наздикону пайвандони Абдуфаттоҳ Одинаев иштирок ва суханронӣ намуданд.