377 нигоҳ

]Ба муносибати гиромидошти композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ иттилоъ медиҳем…

Ба муносибати гиромидошти композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ иттилоъ медиҳем, ки бо иқдоми Вазорати фарҳанг, Мактаб — интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон нимпайкараи устод дар саҳни мактаб ифтитоҳ гардид. Хизматҳои бузурги устод дар рушди мусиқии миллӣ ва касбӣ бениҳоят бузург мебошад. Тамоми аҳли мусиқии касбиро бо ин руйдоди фарҳангӣ муборакбод мегўем
Без рубрики
0 нигоҳ

1– уми майи соли 2021 дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барномаи консертии…

1– уми майи соли 2021 дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барномаи консертии Мактаби бачагонаи санъат ба номи Муњиддин Аминзода – и шаҳри Душанбе аз асарҳои композиторони тоҷик бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Асарҳои композиторон З. Шаҳидӣ, М. Атоев, Х. Абдуллоев, Г. Александров, Ҷ. Обидпур, Л. Толис, А. Мўсоев, Ш. Ашуров, П. Соҳибова дар иҷрои хонандагони ин мактаб бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид.
Без рубрики
0 нигоҳ

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон устод Толибхон Шаҳидӣ-ро бо маҳфили эҷодиашон, ки рўзи 29-апрел…

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон устод Толибхон Шаҳидӣ-ро бо маҳфили эҷодиашон, ки рўзи 29-апрел дар толори Консерваторияи ба номи П.И. Чайковский дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, табрику муборакбод мегўем. Ба эшон тансиoатm ва илoоми саршор таманно дорем. Сарбаланду муваффақ бошед устоди арљманд! Имрўз 1– уми майи соли 2021 дар толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барномаи консертии Мактаби бачагонаи санъат ба номи Муҳиддин Аминзода – и шаҳри Душанбе аз асарҳои композиторони тоҷик бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Асарҳои композиторон З. Шаҳидӣ, М. Атоев, Х. Абдуллоев, Г. Александров, Ҷ. Обидпур, Л. Толис, А. Мўсоев, Ш. Ашуров, П. Соҳибова дар иҷрои хонандагони ин мактаб бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид.
Без рубрики
6 нигоҳ

Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон устод Толибхон Шаҳидӣ…

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон устод Толибхон Шаҳидӣ-ро бо маҳфили эҷодиашон, ки рўзи 29-апрел дар толори Консерваторияи ба номи П.И. Чайковский дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, табрику муборакбод мегўем. Ба эшон тансиҳатӣ ва илҳоми саршор таманно дорем. Сарбаланду муваффақ бошед устоди арҷманд!
Без рубрики
0 нигоҳ

Дар Толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ бахшида ба таҷлили 110 — солагии композитор…

Дар Толори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон маҳфили эҷодӣ бахшида ба таҷлили 110 — солагии композитор, мусиқишинос, ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рўдакӣ, собиқ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1948-1953) Фазлиддин Шаҳобов доир гардид. Дар мањфил композиторон, мусиқишиносон, Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Ф. Шаҳобов-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Фурқат Саидзода, Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон — Ҳаётой Муминова, Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳрухсор Сафиева, хонандагони Мактаб — интернати миёнаи махсуси санъати Ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев, донишҷуёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Саттор барномарези карданд.
Без рубрики
2 нигоҳ

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ-ро…

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ-ро бо 75-умин баҳори умр табрику таҳният гуфта, ба эшон тансиҳатӣ ва рўзгори ободу пурфайз таманно дорем. Хизматҳои беназири Шумо дар ҷодаи мусиқии миллӣ ва касбии тоҷик басо бузург мебошад. Шумо дар тамоми жанрҳои мусиқӣ асарҳо эҷод намудаед, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар макбул ва пайваста иҷро мегарданд. Асарҳои бузурги эҷод намудаи Шумо дар таърихи мусиқӣ як нигори беназирро наќш хоҳад монд. Сарбаланду пурифтихор бошед устоди арҷманд!!!
Без рубрики
0 нигоҳ

Кохи Суғдиён

5 – марти соли 2021 дар Кохи Суѓдиёни шањри Хуљанд мањфили эљодии Ширу — шакар бо иштироки шоирони мањбуб Фарзона, Озарахш, Њунарманди мардумии Тољикистон Афзалшоњ Шодиев, Исроил Файзиддинов, Њасан Камол, Гуласал Пўлодова ва композитор Амирбеки Мўсо баргузор гардид. Мањфил бо ќироати шеърњои тозаэљод, оњангњои нав ва иљроиши хуби сарояндагї пешнињод гардид.
Без рубрики
0 нигоҳ

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ-ро бо…

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон композитори маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ-ро бо 75-умин баҳори умр табрику таҳният гуфта, ба эшон тансиҳатӣ ва рўзгори ободу пурфайз таманно дорем. Хизматҳои беназири Шумо дар ҷодаи мусиқии миллӣ ва касбии тоҷик басо бузург мебошад. Шумо дар тамоми жанрҳои мусиқӣ асарҳо эҷод намудаед, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар макбул ва пайваста иљро мегарданд. Асарҳои бузурги эљод намудаи Шумо дар таърихи мусиқӣ як нигори беназирро нақш хоҳад монд. Сарбаланду пурифтихор бошед устоди арҷманд!!
Без рубрики
0 нигоҳ

]Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷашни 90 – умин солгарди …

Аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ҷашни 90 – умин солгарди ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шўравӣ, овозхони маъруфу маҳбуби халқи тоҷик Аҳмад Бобоқулов – ро ба тамоми аҳли ҳунар ва наздикону пайвандон шодбош мегўем. Хизматҳои ин сарояндаи бузург дар жанри овозхонии академӣ, шашмақом ва сурудҳои халқӣ беназир аст. Ҳамкории эшон бо композиторони маъруфи мо З. Шаҳидӣ, Ш. Сайфиддинов, Қ. Яҳёзода, М. Муравин, А. Ҳамдамов, С. Ҳамроев, Д. Дўстмуњаммадов ва дигарон басо бузург мебошад. Ў шумораи зиёди нақшҳои бузург аз қабили операҳои Ш. Сайфиддинов «Рўдакӣ», «Айнӣ», З. Шаҳидӣ операи «Комде ва Мадан» инчунин дигар операҳои бузурги ҷаҳониро дар саҳнаи Театри академии опера ва балет ба номи С. Айнӣ иҷро намудааст. Дар иҷрои ин ҳунарманди бузург дар бойгонии тиллоии Радиои Тоҷикистон сабтҳои арзишмандтарин низ маҳфуз мебошад. Зиёда аз панҷоҳ сол мешавад, ки суруди машҳури композитори маъруфи тоҷик Ш. Сайфиддинов «Республикаи ман» дар иҷрои Аҳмад Бобоқулов пайваста садо медиҳад.
Без рубрики
0 нигоҳ

Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барои табрику муборакбодӣ ба муносибати 45…

Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон барои табрику муборакбодӣ ба муносибати 45 – умин фаъолияти эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон, композитор Амирбек Мўсозода ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ, Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президент, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва ҳамаи ҳаводорони фарҳанги мусиқии касбӣ сипосгузории хешро баён месозад.
Без рубрики
1 074 нигоҳ

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаровро барои 1000  ҷой нишаст ифтитоҳ бахшиданд. Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи Театри вилоятӣ соли 2015-ум аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016-ум шурӯъ гардида буд. Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги “Боми ҷаҳон” армуғони арзишманд номиданд. Фармоишгари бунёди театри вилоятӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” мебошанд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 150 нафар сохтмончиёну меъморони касбии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, биноро бо риояти талаботи ҳозиразамон бунёд кардаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба санъати баланди меъмории миллии бинои театр, ки аз ҷониби устоҳои чирадасти мамлакат бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ зебу зинат ёфтааст, баҳои баланд доданд. Тибқи  лоиҳа, театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидаанд, ки барои фаъолияти  назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад. Дар ошёнаи якуми бино миёнсарой, толори асосӣ барои саҳна, хонаҳои маданият бо утоқҳои либосивазкунӣ ва ҳуҷраҳои санитарӣ ҷойгир карда шудаанд. Дар толори асосии театр барои тамошобинон 1000 ҷойи нишаст фароҳам оварда шудааст. Саҳнаи театри мазкур бо нақшу нигори миллии мардуми соҳибтамаддуни тоҷик гаҷкорӣ шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ мусоид мебошад. Дар ошёнаҳои 2-юм ва 3-юми бино ҳуҷраҳои маъмурияти театр, утоқҳои корӣ ва фароғати ҳунармандон ва устохонаҳои дӯзандагӣ ҷойгир шудаанд. Ҳудуди бинои театри вилоятӣ бо тахтасангҳои мармарини истеҳсоли коргоҳҳои вилоят ороиш ёфтааст. Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилоят равона гардидааст ва ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебоии  дигар зам намуд. Роҳравҳои бино бо маҳсулоти коргоҳҳои ватанӣ зинат дода шуда, бо усули ҳозиразамони сохтмонӣ ҷолибу диданӣ офарида шудаанд. Атрофи театр пурра гулкорӣ ва бо сутунпояҳои равшанидиҳанда чароғон  шуда, шабонгоҳ он ба макони сайругашти ҳақиқии сокинони шаҳри Хоруғ табдил ёфтааст. Пас аз боздид ва шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои бинои нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театр бо аҳли фарҳанг мулоқоти самимӣ доир намуда, барномаи таҳиякардаи санъаткорони вилоятро тамошо карданд. Ҳангоми суханронӣ Пешвои миллат фарҳангро оинаи рӯзгори ҳар халқу миллат маънидод намуда, зикр карданд, ки рушди соҳаи фарҳанг дар меҳвари сиёсати роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аҳли фарҳанги вилоят ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин иншооти бузург, ки василаи хуби ҳифзи фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст,  изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Бо истифода аз толорҳои барҳаво ва утоқҳо барои машқу тамрин, ҳунармандони касбии театри вилоятӣ имконият доранд, ки минбаъд барномаҳои гуногун ва намоишҳои ҷаззобу диданиро пешниҳоди тамошобинони закӣ гардонанд. Пас аз суханронии Сарвари давлат аҳли санъати вилоят барномаи хуби фарҳангии тараннумкунандаи сулҳу ваҳдати ҷовидонаи тоҷикон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии давлатро  пешкаш карданд, ки бисёр ҷолибу диданӣ буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои санъаткорону ҳаваскорони вилоят, ки бори аввал дар саҳнаи театри навбунёд чунин барномаи  тамошобоб таҳия намуданд, баҳои баланд доданд.