177 нигоҳ

Роҳандозии барномаҳои мусиқӣ – таълимӣ ва тахассусии гуногуншакл аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Бо мақсади тавеаи бештари ҳамкориҳо ва дарёфти роҳу усулҳои нави тарғиби санъати касбӣ, инчунин татбиқи имкониятҳои эҷодии наврасону ҷавонон Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои мусиқӣ – таълимӣ ва тахассусии гуногуншаклро ҳамчун қисми мустақили бахши тарғиби санъати касбӣ бо ҷалби мутахассисосони соҳа роҳандозӣ намояд. Дар ин замина, минбаъд аз ҷониби бахши «Мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ»-и Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба эҷодиёти арбобони фарҳангу ҳунар баргузории лекторияҳои мусиқӣ ва консертҳои академӣ мунтазам ба таври мувозӣ омода карда мешаванд. Дар ин замина, нахустин лекторияи мусиқӣ ва консерти академӣ бахшида ба фаъолият ва эҷодиёти композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ рўзи 14 майи соли 2019, соати 11.00 дар толори консертии Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ доир мегардад.