85 нигоҳ

ХУРШЕД НИЗОМОВ: РУШДИ ФАРҲАНГ – КАФОЛАТИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Даврони соҳибистиқлолии кишвар марҳилаи камолоту инкишофи Тоҷикистон ба шумор рафта, боиси сарфарозию ифтихор аст, ки дар ин давра таҳти роҳнамоиву сарварӣ, сиёсати хирадмандонаву созандагӣ ва нерӯи зеҳниву пиндори некбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи рушду инкишофи мамлакат буда, дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ муҳайё гардид. Ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 апрели соли 1995 дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такомули илму маориф ва фарҳанг ѓамхорӣ зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст». Аз ҳамин нияту амали нек то ба имрӯз дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бонизомоми фарҳангу санъат самти афзалиятнок буда, аҳли фарҳангу ҳунар аз чунин пайгирӣ ва иқдомҳои беназири Сарвари давлат дар муназзамгардонии ҳифзу рушди фарҳанги асили миллати тоҷик ифтихорманданд ва барои рушду нумӯи он тамоми нерӯ ва истеъдодашонро равона намуда истодаанд. Бояд тазаккур долд, ки муносибати нав нисбат ба дарки моҳияти санъати касбӣ зарурати ташаккули муҳити нави иҷтимоӣ-фарҳангиро тақозо менамояд, ки тавассути он дар ҷомеа муносибат ба фаъолияти эҷодӣ таѓйир меёбад. Дар чунин шароит таҳаввуллоти куллии муҳити эҷодӣ фаро расида, касбият ва рақобатпазирӣ мақоми аввалиндраҷа пайдо мекунанд. Дар партави сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои ин вазифаҳо дар кишвари соҳибистиқлоли мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, тадбирҳое, ки Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баҳри эҷоди асарҳои бадеию мусиқии баландѓояи замонавӣ, дастгирии шахсони соҳибистеъдод, баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир амалӣ намуда истодааст, барои боз ҳам боло бурдани эътибору нуфузи мусиқии касбӣ мусоидат намуда истодааст. Боиси зикри хос аст, ки соли ҷорӣ Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду такомули санъати мусиқии миллии тоҷик, тавсеаи самтҳои фаъолият ва эҷоди ӣасарҳои муосири миллӣ ба натиҷаҳои муайян ноил гардид. Зимнан, дар радифи эҷоди асарҳои муосири миллӣ, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои вазъ ва дурнамои мусиқии касбӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фарҳанги миллӣ, тарѓиби дарки моҳияти санъати касбӣ, мусоидат дар ташаккули муҳити муосири фарҳангӣ, хусусиятҳои мусиқӣ ҳамчун арзиши зебоипарастӣ дар таносуби мақсадҳои эҷодиёти бадеӣ ва санъати амалӣ, равияҳо ва ҷараёнҳои муосири санъати касбии тоҷик, рақобатпазирии санъати мусиқии касбӣ, инчунин тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқии касбӣ дода шуд. Баҳри тарғиби васеъ ва эҷоди асарҳо вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028», Иттифоқи композиторон дар ҳамкорӣ бо иттифоқҳои эҷодӣ ва ҷамъиятӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст.. Бо мақсади тарғиби фаъолияти эҷодию илмии композиторону мусиқашиносони тоҷик ва дигар муассисаҳои эҷодию касбӣ ва таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сомонаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистонро (www. Kompozitor. тj) расман ба фаъолият шуруъ намуд. Аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон соли ҷорӣ дар робита ба маъракаҳои сиёсию фарҳангии тантанаҳои ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ 108 суруду оҳангҳо, аз ҷумла 2 опера-«Чашмае, ки баҳр мешавад» — (либреттои Г. Келдӣ, муаалиф Қ. Ҳикматов) ва операи «Хусрав ва Ширин» (муаллиф А. Мӯсоев) аз рӯи ҳамосаи ҳамноми Н.Ганҷавӣ (либреттои Гулназар Келдӣ), 1 балет, 7 кантата, 3 увертюра, 1 инвенсия, 16 асарҳои симфонӣ, 7 асар барои оркестри созҳои миллӣ, 4 асар барои оркестри нафасӣ, 83 асарҳои созӣ, вокалӣ – камеравӣ, асарҳо барои хор, сюитаҳои вокалӣ- хорӣ ва хореографӣ, 3 мусиқӣ барои намоишномаҳои театрӣ ва синамо эҷод, инчунин 2 монографияву 29 мақоларо таълиф намуданд. Дар ин замина, коркард, танзим ва баргардонии 21 оҳанг барои гуруҳҳои ҳунарӣ ва оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ анҷом дода шуда, 8 китоби композиторони тоҷик ва осори илмии мусиқашиносон дар соли 2019 таҳия ва нашр гардиданд. Дар ин радиф, ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи асарҳои композиторони тоҷик бо номи «Меъмори Истиқлол» таҳия гардида, он дар рӯзҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз чоп хоҳад баромад. Зимнан, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 80- солагии фаъолияти эҷодии Итифоқи композиторони Тоҷикистон ва Пленуми навбатӣ маҷмӯи мақолаҳо оид ба проблемаҳои мусиқии касбӣ ва дурнамои рушди он омода гардида истодааст. Мусаллам аст, ки дар баробари рушди фарҳанги миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба фазои умумиҷаҳонии тамаддун, айни замон тарғиби санъати мусиқии касбии тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ мақоми аввалиндараҷа пайдо мекунад. Дар ин замина, вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи композиторон ва мусиқашиносон дар самти гуногунрангии фарҳангӣ, аз ҷумла муносибатҳои эҷодию илмӣ, аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо иттифоқҳои эҷодии кишварҳои аъзои ИДМ қарордод баста шуд. Дар замони ҷаҳонишавӣ барои қонеъ намудани талаботҳои гуногунранги зебоипарастии ҷомеа дарёфти роҳу усулҳои навро тақозо менамояд. Бо шарофати дигаргуниҳои технологияҳои иттилоотӣ ва мултимедиявӣ санъати мусиқӣ назар ба дигар намудҳои санъати бадеӣ имрӯз таъсири зиёдеро ба шуури ҷомеа дорад. Дар ин радиф, ташаккули завқи ҷомеа ба санъати мусиқӣ (касбӣ ва анъанавӣ) тавассути васоити ахбори омма, хусусан телевизион ва радио, барои ташаккули ҷаҳонбинии муосири омма мусоидат менамояд. Бо назардошти ин, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо мақсади ташаккули нерӯи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, ѓанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеии ҷавонон чорабиниҳои гунрогуншаклро аз қабили барномаҳои мусиқӣ-таълимӣ, консертҳои камеравӣ, «Ҳафтаи мусиқии касбӣ» ва лекторияи мусиқиро ташкил намуд. Қобили тазаккури хос аст, ки масъалаи баланд бардоштани сифати тарбияи мутахассисони касбӣ, хусусан таъмини муасссисаҳои таълимии соҳа ба маводи муосири таълимӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин замина, мусиқашиносони тоҷик маҷмӯаҳоро оид ба таърихи мусиқии тоҷик ва дигар шалҳои мусиқии муосир барои пажӯҳишгарон, аспирантон, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимии соҳа таълиф намуда, аксари онҳо бо кӯмаки Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардиданд. Зимнан, ҷиҳати тавсеаи фаъолияти минбаъдаи бахши таълимии назди Иттифоқи композиторон, инчунин тавсеаи фаъолияти эҷодии намояндагиҳои Иттифоқи композиторон дар вилоятҳои Суѓду Хатлон ва чопи осори онҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ корҳои амалӣ идома доранд. Дар ин давра, аз ҷониби мусиқмшиносон оид ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, беҳтар намудани сифати корҳои илмӣ бо истифода аз нерӯи мавҷудаи мусиқишиносони тоҷик, муаррифии мактаби композиторӣ ва мусиқашиносии тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, инчунин истифодаи услуҳои муосири тарғиб ва инъикоси санъати касбӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, айни замон, гирдоварӣ, сабт, таҳлил ва коркарди дастовардҳои эҷодии соҳаи мусиқии тоҷик ва мусиқии классикии композиторони сатҳи ҷаҳонӣ тавассути Фонди мусиқии Иттифоқ амалӣ гардида истодааст. Дигаргуниҳои амиқ ва самараноки дар ҷомеа рухдодаро бояд аз диди муносиб баҳо дод, аз ин рӯ, инъикоси тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ки бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, рисолати асосии аҳли эҷоди мамлакат дар давраи марҳилаи сифатан нави рушди Тоҷикистон мебошад. Бо итминон метавон қайд намуд, ки имрӯз аҳли эҷоди кишвар баҳри ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастии ҷомеа тамоми нерӯи худро равона намудааст. Бо як ҷаҳон таманниёти нек дар ростои ин ҷашни фархундаву муқаддас – 28-солагииИстиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи аҳли эҷоди мамлакат кулли мардуми кишварро самимона шодбош мегӯем ва дар кору фаъолияти пурсамарашон ба манфиати ҷомеа ва баҳри гулгулшукуфии кишвари азизамон пешрафту комёбӣ хоҳонем. Бигзор, дар осмони софи давлати соҳибистиқлоли мо ҳамеша зиёи хуршед дурахшон бошад. Ҷашни Истиқлолият муборак! ХУРШЕД НИЗОМОВ, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон