455 нигоҳ

Рӯнамоии китоби Аслиддин Низомӣ «Таърихи мусиқии тоҷик»

23 октябри соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ «Таърихи мусиқии тоҷик» доир гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид, аҳли илму адаб, фарҳанг, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти соҳаи фарҳангу санъат, иттифоқҳои эҷодӣ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд. Вазири фарҳанги чорабинӣ Шамсиддин Орумбекзода ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба зарурияти омӯзиши таърихи мусиқии тоҷик ва аҳамияти он барои рушди минбаъдаи санъати мусиқии тоҷик сухан гуфт. Муаллифи китоб Аслиддин Низомӣ вобаста ба муҳтавои китоби мазкур, ки  фарогири таърихи пурғановат ва пурталотуми тамаддун, хусусан ҳунари мусиқии халқи тоҷик — аз давраҳои қадимтарин то замони муосир (аввали қарни ХХ) мебошад, маълумоти муфассал дод. Сипас академики Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Махмадулло Лутфуллоев, Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, Раиси Иттифоқи композиторон Хуршед Низомов, Раиси иттифоқи журналистон Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идизода, Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ӯрун Кӯҳзод ва профессор Абдунабӣ Сатторзода суханронӣ намуда, фикру андешаи худро оид ба китоби мазкур баён намуданд. Боиси зикр аст, ки  муаллиф бо истифода аз теъдоди хеле зиёди сарчашмаҳои таърихӣ оид ба мусиқӣ ва адабиёти илмии соҳавӣ, ҷойгоҳи ҳунари мусиқӣ ва ҷанбаҳои илмии онро дар тахрихи зиндагии халқи фарҳангофарини тоҷик таҳқиқ намудааст. Китоби доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ «Таърихи мусиқии тоҷик» барои фарҳангшиносон, адабиётшиносон, муаррихон, мутахассисони соҳаи  санъатшиносӣ, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои  таълимии соҳаи санъат, ҳамзамон ба доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.