90 нигоҳ

САДОҚАТ БА ПРЕЗИДЕНТ – САДОҚАТ БА ВАТАН

Дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Дар суханронии худ Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Хуршед Низомов вобаста ба моҳияти Истиқлолияти миллӣ, саҳми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори даволатдории навини тоҷикион ва моҳияти таҷлили ин ҷашн, инчунин бобати ташаккул ёфтани маърифати сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва сатҳи маънавиёти қишрҳои гуногуни ҷомеаи Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигаргуниҳои амиқ ва самараноки дар ҷомеа рухдода, ташаккули нигоҳи ҷадиди сиёсӣ дар руҳияи истиқлолияти миллӣ суханронӣ намуд. Ҳамзамон, аҳли эҷодро аз номи Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфтанд.