532 нигоҳ

Композитори ҷавони тоҷик дар нахустин нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказї ширкат мекунад

Аз 7 то 12 июни соли 2019 дар шаҳрњои Тошканд ва Хоразми Љумњурии Ўзбекистон нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Тибқи иттилои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мамлакати моро дар ин чорабинӣ аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, композитори ҷавон Зафар Турдалиев бо асарҳои худ «Консертино барои оркестри калони симфонӣ»,«Валс – фантазия барои оркестри калони симфонӣ» ва достони симфонии «Ҳулбук» муаррифӣӣ хоҳад намуд. Нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади тарғиби беҳтарин намунаҳои осори композиторони ҷавон, ҳавасмандгардонии жанрҳои мусиқӣ барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, инчунин густариши робитаҳои эҷодии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Ба Зафар комёбиҳои эҷодиро таманно намуда, итминон дорем, ки ҳамчун намояндаи аҳли эҷоди Тоҷикистон, дастовардҳои санъати касбии тоҷикро дар сатҳи хеле шоён тарғиб хоҳад намуд.