201 нигоҳ

Умри пурбаракати эҷодӣ: Ба ифтихори 60-солагии композитор Павел Турсунов

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ КОМПОЗИТОРОНИ ТОҶИКИСТОН УСТОДИ ГИРОМИҚАДР ПАВЕЛ ТУРСУНОВРО БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ 60-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗАШОН ТАБРИКУ ТАҲНИЯТ ГУФТА, БАРОЯШОН БАХТУ ИҚБОЛ, БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ ВА ИБТИКОРОТИ НАВРО ДАР ФАЪОЛИЯТИ ЭҶОДИАШОН ТАМАННО МЕНАМОЯД. 0d6b81e56db340781a09182e234e3e0f Композитори маъруфи тоҷик Турсунов Павел Зикриёевич соли 1960 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Турсунов П.З. соли 1979 шӯъбаи назариявӣ-композитории Омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо хатм намуда, соли 1987 ба факултаи композитории Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И.Чайковский, ба синфи профессор Т.Н.Хренников дохил мешавад. Пас аз итмоми Консерватория ба Душанбе баргашта, аз соли 1987 то 1992 дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба ҳайси муҳаррири мусиқӣ фаъолият менамояд. Соли 1992 ба Подмосковйе (Россия) мекӯчад. Дар шӯъбаи барномаҳои мусиқии Филармонияи давлатии академии Москва кор мекунад. Ба њайси мудири қисми мусиқии театри «Русский камерный балет «Москва» фаъолият намуда, ба кори эҷодӣ машѓул аст. Аз соли 1987 П.Турсунов ба Иттифоқи композиторони СССР аз соли 1991 ба Иттифоқи кинематографистони СССР дохил мегардад. Айни замон ӯ узви Иттифоқи композиторон ва кинематографистони Россия мебошад. Соли 2009 ӯ дорандаи Ҷоизаи Озмуни композиторон ба номи А.Петров дар шаҳри Санкт-Петербург мегардад. Павел Турсунов муаллифи асарҳои мусиқии жанрҳои гуногун, аз ҷумла: балетҳои «Хоҷа Насриддин», «Синяя птица», консерт барои оркестри симфонӣ «Саёҳати масхарабоз», балладаи консертӣ барои труба ба оркестри симфонӣ «Табассуми Беҳзод», консерт барои гитара ва оркестри камеравӣ «Ҳадя ба Хайём», ноктюрн барои ҳайати камеравӣ «Дарвеш ва парранда», Консерт барои фортепиано ва оркестри торӣ «Акси наққош», консерт барои оркестри торӣ «Штрихи к мадригалу», силсилаи вокалӣ ба шеъри Ҳофиз «Майи ҷовидонӣ» ва дигар асарҳои симфонӣ ва камеравӣ. Хонаи ноширии «Композитор» маҷмӯаи П.Турсунов «Детская тетрадь»-ро барои фортепиано ва силсилаи вокалии «Майи ҷовидонӣ» барои бас ва фортепианоро чоп намуд. Пйесаҳои алоҳида ба маҷмӯаи мусиқии композиторони муосир ворид гардидаанд. Асарҳои П.Турсунов ҳамасола дар Фестивали байналмилалии мусиқии муосир «Московская осень» иҷро карда мешаванд. Балети «Хоҷа Насриддин» дар Театри «Русский камерный балет «Москва» бомуваффақият намоиш дода мешавад. Павел Турсунов ба эҷодиёти бадеӣ низ машѓул аст. Вай муаллифи романҳои «Дуремар», «Великая лужа», повести «Светлячок из Неберихи», ҳикояву шеърҳо мебошад. Якчанд асарҳои ӯ солҳои гуногун дар маҷаллаи «Помир» чоп шудаанд. Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Ҳунарманди мардумии СССР, дорандаи ҷоизаҳои давлатии СССР ва ба номи В.И.Ленин, профессор Тихон Николаевич Хренников дар бораи шогирди худ чунин навиштааст: «Павел Турсунов – композитори боистеъдодтарин ва баландихтисосест, ки дорои тамоми васоити муассири мусиқӣ аст: оркестрро бисёр хуб идора мекунад, дорои истеъдоди асили оҳангсозӣ (сифате, ки дар композитор кам ба назар мерасад) ва ҳиссиёти дақиқу фасеҳи театрӣ мебошад». Соли 1992 киностудияи «Тоҷикфилм» П.Турсуновро барои таҳсил дар курсҳои коргардони овоз ба Институти давлатии Умумииттифоқии кинематография мефиристонад. Аз соли 1993, дар шазри Москва фаъолияти эҷодӣ дорад Асарҳои мунтахаб 1980 – Квартет – каприччио. 1981 – Соната барои ду роял. 1981 – «Воқеаҳои музофотӣ» барои флейта, фортепиано ва контрабас. 1982 – «Пантомима» барои виолончел ва фортепиано. 1987 – Консертштюк барои скрипка ва фортепиано. 1987 – «Хоҷа Насриддин», достони хореографӣ. 1988 – «Саёҳати масхарабоз» барои оркестри симфонӣ.Таҳрири нав – соли 2008. 1993 – «В ретро-тонах», консерт барои гитара ва оркестри торӣ. 1994 – «Дарвеш ва парранда», ноктюрн барои 10 нафар. 1994 – «Ҳадя ба Хайём»), рубоии хореографӣ. 1995 – Трио барои скрипка, виолончел ва фортепиано. 1995 – «Дивертисменти рӯи алаф» барои флейта, скрипка, виолончел ва фортепиано. 1995 – «Ба форсӣ гуфтугӯ мекунем» барои ансамбли созҳои зарбӣ 1996 – «По талой звезде», силсилаи вокалӣ барои контратенор, кларнет, виолончел ва фортепиано ба шеъри О.Чуховцев. Таҳрир барои овози занона ва фортепиано. 1996 – Скерцино барои флейта ва оркестри торӣ. 1998 – «Штрихи к мадригалу» барои квартети торӣ, соли 1999 дар Фестивали байналмилалии «Московская осень» иҷро гардид. Таҳрир барои оркестри торӣ. 1998 – «Табассуми Беҳзод», балладаи консертӣ барои труба бо оркестр, соли 2007 – таҳрири нав. 2000 – «Хоҷа Насриддин», таҳрири нав (2007) дар Театри «Русский камерный балет «Москва» намоиш дода шудааст. 2008 – «Три цвета Beatles» барои оркестри камеравӣ. 2008 – «Протокол Аввакум», барои оркестри симфонӣ. 2010 – «Синяя птица», балет дар як бахш аз рӯи пйесаи ҳамноми М.Матерлинг. 2010 – «Прогулки в никуда», фантазия барои флейта, фагот, фортепиано ва оркестри торӣ. 2002 – Триптихи вокалӣ ба шеъри А.Апухтин. 1994 – Пйесаи «Садбарг барои Ирина» барои ду гитара. 1996 – «Танго с Нефертити» барои кларнет, валторна ва фортепиано. 2001 – «Боди Туркия» барои оркестри симфонӣ, соли 2001-ум дар шаҳри Истамбул иҷро гардидааст ва диг. «На Востоке», сюита. М., Музыка, 1981. Балет маленьких кузнечиков. // Drobne skladby vludych sovetskych autoru. – Praha: Edito supraphon, 1985. «Вино предвечности» для баса и фортепиано на газели Хафиза. М., Композитор, 2002. «Детская тетрадь» для фортепиано. М., Композитор, 2004. Мусиқӣ ба филмҳо ва силсилафилмҳои бадеӣ: 1986 – «Неволенка» / коргардон С.Суханов, киностудияи Свердловск. 1989 – «Пришелец» / коргардон П.Аҳмадов, «Тоҷикфилм». 1990 – «Луковое поле» / коргардон А.Шаботаев, «Тоҷикфилм». 1991 – «Время желтой травы» / коргардон М.Юсупов, «Тоҷикфилм». 1999 – «Афинские вечера» / коргардон П.Гладилин, РТР. 2001 – «Наследницы» / коргардон Э.Ишмухамедов, студияи ба номи С.Бондарчук, соли 2002 ба номинатсияи «Беҳтарин кори композиторӣ»-и III-юмин Фестивали кинои бадеии телевизионӣ «Сполохи» дар шаҳри Архангелск пешниҳод гардида буд. 2003 – «Ангел на дорогах» / коргардон Э.Ишмухаммедов, студияи «Партнершип». 2004 – «Рецепт колдуньи» / коргардон Т.Воронецкая, Россфильм. Филм соли 2004-ум ба Ҷоизаи махсуси ХV-умин Кинотаври шаҳри Сочи мушарраф гардид. 2005 – «Наследницы-2» / коргардон Э.Ишмухаммедов, студияи «Мело-филм». 2007 – «Живописная авантюра» / коргардон В.Ахадов, студияи «Ментор-синема». 2008 – «Улетающий монах» / коргардон А.Дзюбло, студияи «Ментор-синема». Мусиқӣ ба намоишномаҳо: 1990 – «Духтури хушбахт» / коргардон Н.Ҷалолов, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов. 1991 – «Афсонаи бачагона» / коргардон Н.Ҷалолов, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов.