122 нигоҳ

Эълони Озмун барои дарёфти Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ

image description
image description
Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар иртибот ба иљрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» Озмунро барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ эълон намуд. Ҷоизаи мазкур ба композиторону мусиқишиносон барои беҳтарин асарҳои академӣ, симфонӣ, камеравӣ, пажӯҳиши масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методологии санъати касбии миллӣ, ки дар ду соли охир эљод гардидаанд, дода мешавад. Озмуни мазкур дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст гардида, барандагони Ҷоиза бо Диплом, нишон ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешавад. Бояд тазаккур дод, ки Ҷоизаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба номи Борбад дар соҳаи мусиқӣ соли 2004 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқӣ ва ҳавасмандгардонии композиторону мусиқишиносон дар роҳи офаридани асарҳои баландғояи муосир, инъикоси арзишҳои миллї общечеловеческих духовно-культурных ценностей и патриотических идей.