1 088 нигоҳ

Ғолибияти композитори ҷавони тоҷик дар Озмуни байналмилалӣ

Айни замон, бо ибтикори Вазорати фарҳанги кишвари Краснодари Федерастсияи Россия дар шаҳри Сочи Фестивал — Озмуни V — уми байналмилалии «Зебогӣ ва ҳамоҳангӣ дар эҷодиёт» («Красота и гармония в творчестве») баргузор гардида истодааст. Мақсад аз баргузории Фестивал-Озмуни мазкур тавсеаи ҳамкориҳои гуногунрангии фарҳангӣ байни миллатҳо, ва мусоидат баҳри ташаккули истеъдодҳо ва рушди фарҳанги навоварӣ, инчунин омӯзиши самтҳои нави малакаи бадеӣ-эҷодии композиторони ҷавон ва навозандагону гуруҳҳои эҷодӣ- касбӣ буда, он аз рўи номинатсияҳои санъати овозхонӣ, санъати иҷрокунандагӣ, санъати рақс, санъати рассомӣ, санъати эстрадаю сирк ва Озмуни «Композитори ҷавон» (аз рўи сину сол) доир гардида, дар бахши Озмуни «Компизитори ҷавон» — намояндаи Тоҷикистон Соҳибҷон Ҳасанов ғолиби ҷойи аввал (сину соли 21-25 сола) гардид. Соҳибҷон Ҳасанов хатмкунандаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев буда, айни ҳол тибқи бурсияи таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши сеюми факултаи композитории Донишкадаи давлатии фарҳанги шаҳри Краснодар таҳсил менамояд. Номбурда шогирди яке аз композиторони маъруф, Раиси Иттифоқи композиторони кишвари Краснодар, Арбоби ҳунари Россия профессор Чернявский Владимир Андреевич мебошад. Аз номи ҳамватанон ва аҳли эҷод Соҳибҷон Ҳасановро бо ин пирӯзӣ дар оғози соли нави мелодӣ табрик менамоем. Сохибджон Хасанов Диплом Хасанова