451 нигоҳ

Ҷамъбасти «Ҳафтаи мусиқии касбӣ»

33227954_1547945372001062_5203955471605563392_n (1) 33306039_1547945425334390_8021391856719888384_n (1) 33326907_1547945488667717_3360953303738351616_n 33306039_1547945425334390_8021391856719888384_n 33511492_1547945185334414_4818117587080577024_n 33227954_1547945372001062_5203955471605563392_n «Ҳафтаи мусиқии касбӣ», ки аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, бо барномаи ҳунарии хонандагони Мактаб- интернати миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ  ҷамъбаст гардид. Дар ҷамъбасти «Ҳафтаи мусиқии касбӣ» композиторону мусиқишиносон, роҳбарони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, аҳли эҷод ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе ширкат намуданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳадаф аз баргузории «Ҳафтаи мусиқии касбӣ»,   ин  шиносоии аҳли эҷод вобаста ба  раванди омаданамоии кадрҳои эҷодӣ ба  фаъолияти касбӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат,  ташаккул додани раванди нерӯи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, инчунин дарёфти чеҳраҳои нави иҷрокунандагӣ буд. Дар доираи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва барномаҳои консертӣ композиторону мусиқишиносон бо хонандагону донишҷўён вохӯриҳо анҷом дода, бо маҳорату малакаи муҳассилин ва дастовардҳои муассисаҳои таълимии соҳа шинос гардиданд.