51 нигоҳ

ҶАҲОНРО ЗЕБОӢ НАҶОТ МЕДИҲАД!

ДУШАНБЕ, 15.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Паҳншавии бемории сироятии коронавируси намуди нав — COVID-19 масъалаи доғест, ки имрўз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, ин беморӣ ахиран ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳ ёфта, ба саломатии ҳамватанонамон таҳдид менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус дар мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст. Вазъияти мазкур аз ҳар кадоми мо-шаҳрвандони мамлакат ҳушёрӣ, ҷасурӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, кумак ба нафарони бемор ва бурдани корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро талаб менамояд. Зеро мо имрӯз пешорӯи имтиҳони ҷиддие қарор дорем, ки танҳо ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба ваҳм, тарсу ҳарос ва риояи қатъии тавсияҳои табибон имкон медиҳад дар мубориза ба ин вирус дастболо гардем. Чунин изҳор дошт муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар ДАВЛАТЗОДА дар суҳбат бо АМИТ «Ховар». — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои самимии хеш аз ҳар фарди ватандўсту хештаншинос ва бофарҳанги миллати тоҷик даъват ба амал оварда, таъкид менамоянд, ки танҳо бо истифода аз арзишҳои муқаддаси эътирофгардида ва дигар суннату анъанаҳои писандидаи аҷдоду гузаштагонамон, инчунин риояи меъёрҳои тозагию беҳдоштӣ метавон барои ҳарчи зудтар пайдо кардани роҳи наҷоти инсоният аз ин бало, ки дарҳои кишварҳои зиёдеро ба рўи ҳам баст, ҳавопаймоҳои зиёдеро ба замин нишонд, иртиботи заминиву ҳавоиро барои муддати номуайяне қатъ кард ва аз ҳама муҳим, сабаби фоҷиаҳои инсоние шуд, ки даҳҳо ҳазор нафарро дар тамоми сайёра ба коми худ фурӯ кашид, саҳм гузошт, — зикр намуд Давлатзода.— Имрӯзҳо мо, аҳли фарҳанг, дар байни мардум ҳастем, бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем. Барояшон нуктаҳои муҳими муроҷиати Пешвои муаззами миллатро мерасонем. Сарвпари давлат дар Паёми табрикотиашон ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон зикр карданд, ки «дар ин лаҳзаҳои душвор бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастам ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони мамлакат тамоми тадбирҳоро андешида истодаам ва бо истифода аз эътиқод ба арзишҳои муқаддас ва баъдан ба сафҳаҳои дурахшони қаҳрамонию диловарии гузаштагонамон ҳарчи бештар такя намуда, мегӯям, ки роҳи интихобкардаи мо дар ҳама гуна масири ватансозиву ватандорӣ дуруст ва муваффақона мебошад». Сарвари давлат боз ҳам ёдовар шуданд, ки боигарии асосии давлат — ин, пеш аз ҳама, солимии миллат мебошад. Воқеан ҳам таърихи башарият баёнгари он аст, ки солимии миллат – омили асосии рушду тараққии давлат аст ва дилхоҳ давлати дунё дар сояи миллати солим қомат афрохта ва нумў мекунад. Ва, албатта, солимии миллат бо шарофати ғалабаи хайр бар шарр, баҳамойӣ ва муттаҳидии халқияту миллатҳои муқими Тоҷикистон, решакан ва берун намудани кинаву адоват аз қалби одамон ва аз ҳама муҳим, сарҷамъ гардидан дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст меоянд. Имрӯз мо бояд дар атрофи вазъи давлатҳои ноорому носубот ва инқилобҳои бемантиқи кишварҳои мухталифи олам, раванди бартариҷӯӣ, низоъҳои қавмӣ, мусаллаҳшавии бошитоб ва зуҳури чолишҳои нав брои инсоният мулоҳиза кунем ва тавре Рӯдакии бузургвор фармудааст «аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирем», сабақ омӯзем. Вазифаи муқаддас ва аввалиндараҷаи ҳар фарди ҷомеаи мо имрўз дар зеҳну шуури наслҳои наврас, алалхусус фарзандони худ тарбия намудани ҳисси баланди ватандўстиву хештаншиносӣ, ҳидоят ба роҳи рост, одобу ахлоқи ҳамида ва азму талош ба омўзиши илму дастовардҳои техникаю технологияҳои муосир ва бо итминону эътимоди комил неруву ғайрати худро баҳри ободии Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон равона кардан мебошад. Фёдор Достоевский аз номи яке аз қарамонони асари худ гуфтааст: «Ҷаҳонро зебоӣ наҷот мебахшад». Зебоӣ чист? Зебоӣ – ин эҳсоси хушӣ, эҳсоси роҳат, тану бозуи солим ва афкору омоли не каст. Мо бояд худамон зоҳиран ва ботинан зебо бошем, ба дигарон низ ин зебоиро талқин намем, дар ҳама ҷо, дар ҳар гӯшаи хоки диёрамон сиёҳиро не, равшанию зебоиро биҷӯем, бо чашми нек нигарем. Бо кору пайкор, бо меҳнати ҳалол, бо китобу таълифот, шеъру достон, суруду тарона, бо фйарҳанги бои хеш. Моро зарур аст, ки дар чунин шароити бисёр ҳассос, новобаста аз синну сол, касбу ҳунар, мансаб, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк ба ҳамдигар дасти кӯмак дароз кунем, лутфу меҳрубонӣ ва муҳаббату самимияти худро дареғ надорем, бо пиндору гуфтору рафтори накӯ ба табибон, олимон, донишмандон ва дигар фарзандони фарзонаи миллатамон илҳом бахшем, бо истифода аз арзишҳои миллӣ ва осори камназири бузургони гузашта ва имрӯзаи илму адаби хеш дар роҳи ҳифз ва таъмини сулҳу суботи Ватани азизи худ саҳми шаҳрвандии худро гузорем. Шиори ҳар яки мо дар ин рӯзҳо бояд мисраҳои зерини шоир бошад: Мешавад ҳар рўзи ман оғоз бо номи Ватан, Ё ки бо номи Ватан бошад ҳама оғози ман. Он қадар дар банд-банди ёди ў печидаам, Бо ҳавову кўҳу абру боди ў печидаам. Танҳо дар ҳамин сурат мо дар мубориза бо ҳама гуна вирус ғалаба мекунем ва дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти хеш комёб мегардем.