1 782 нигоҳ

Ҷилои нави мактаби композиторӣ ва санъати мусиқӣ-театрии тоҷик (Андешаҳо перомуни операи «Хусрав ва Ширин»)

145011 151613 141501 Санъати мусиқӣ дар ҳама давра моҳияти хосаи маънавӣ дошта, он дар ҳаёти фарҳҳангӣ ҷиҳати бедор намудани завқи бадеӣ, тарбияи маънавӣ ва дарки зебоипарастӣ нақши созгорро дорост. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз масъалаҳои инкишофи намунаҳои гуногуни мусиқии касбии тоҷик, дастгирии шаклҳои гуногуни санъати касбӣ, ташаккули раванди фаъолияти аҳли эҷод зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин радиф, таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон аз падидаҳои нодири фарҳангии даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз бо иқдоми Пешвои муаззами миллат амалӣ гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки бо баланд гардидани мақом ва манзалати санъати мусиқии касбӣ дар марҳилаи кунунии соҳибистиқлолии кишварамон, масъулияти бештари аҳли эҷодро дар назди халқу Ватан тақозо менамояд. Дар ин радиф, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии аҳли ҷомеа, тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин радиф беҳтарин анъанаҳои мактаби композиторӣ ва мусиқишиносии тоҷикро эҳё намуда истодааст. Қобили зикри хос аст, ки композиторони Тоҷикистон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ операҳо, балетҳо, асарҳо барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, романсҳо, ораторияҳо, кантатаҳо, пйесаҳо барои созҳо, мусиқӣ барои кино ва дигар жанрҳои мусиқии касбӣ офарида истодаанд. Дар ин радиф, оратория-балети «Фарёди дуриҳо» ва операи «Рустам ва Сӯхроб»-и Талабхӯҷа Сатторов, операи «Амир Исмоил»-и Толиб Шаҳидӣ, операи бачагонаи «Чароғи сеҳрноки Аловиддин» ва балети «Зол ва Рудоба» Шӯҳрат Ашуров, операи бачагонаи «Афсонаи ҷангалӣ»-и Амирбек Мӯсоев ва ғайра аз асарҳои ҷолиби офаридаи композиторони тоҷик дар жанрҳои мурракаби мусиқии касбӣ тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбанд. Зимнан, дар радифи эҷоди асарҳои муосири миллӣ, таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои мусоидат дар ташаккули муҳити муосири фарҳангӣ ва хусусиятҳои мусиқӣ ҳамчун арзиши зебоипарастӣ дода мешавад. Композиторону мусиқишиносони тоҷик пайваста кӯшиш менамоянд, ки дар такя ба фарҳанги қадима ва бою рангини миллиамон, дар пешбурди фарҳанги ҷомеаи навини Тоҷикистон ва боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи маънавию фарҳангии мардуми тоҷик саҳмгузор бошанд. Ҳар соли соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистони азизи мо дар ҳама соҳаҳо — сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангию иқтисодӣ, аз ҷумла дар ҷодаи рушди санъати миллӣ дастовардҳои нав ба навро фароҳам оварда, вобаста ба ин асарҳои нави композиторони тоҷик рӯи саҳна меоянд. Дар ин замина, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳнавӣ гардидани операи нави композитори шинохтаи тоҷик, композитор Амирбек Мӯсоев «Хусрав ва Ширин» (либреттои Гулназар Келдӣ) аз рӯи достони ҳамноми Низомии Ганҷавӣ, ки яке аз асарҳои панҷгонаи «Хамса»-и безаволи ӯ мебошад, рӯйдоди наве дар фазои фарҳангии мамлакат гардид. Операи «Хусрав ва Ширин»-и Амирбек Мӯсоев бо аслияти сабки муаллифӣ, хусусиятҳои сохтори лаҳнӣ ва зарбӣ, драматургияи баланди мусиқӣ-саҳнавӣ, ифодаи ҳамаҷонибаи забони зебои мусиқӣ ва рангорангии партияҳои оркестрӣ, аз асарҳои қаблан офаридаи композитор фарқият менамояд. Маълум аст, ки тамоми воқеоту рӯйдоди дар достони «Хусрав ва Ширин»-и Ҳаким Низомии Ганҷавӣ тасвиргардидаро, дар як намоиши театрӣ , ки аз 1 парда ва 3 намоиш иборат аст, инъикос намудан аз имкон берун аст. Аммо, саҳнаҳои ҷолиби опера, ки аз ҷониби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов бо диди нав гузошта шудаанд, тамошобинро ҳамчун иштирокчии ғайримустақим ба худ ҷалб намуда, фоҷиаи писари шоҳаншоҳ Хурмуз — Хусрав ва хоҳарзодаи фармонравои мулки Арман – Ширинро пурра нишон медиҳад. Дар ин радиф, муаллифи либретто Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ бо истифодаи драматургия, ифодаи ишқи пурсӯзу гудоз, поку беолиш ва пур аз фоҷиа низ тавонистааст хати сужети достонро дар маркази намоиш ҷойгир намояд. Нақшҳои иҷронамудаи ҳунармандони ҷавони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Қурбонмурод Зокиров (нақши Хусрав), Мунзифа Исоева (нақши Ширин), Сайфулло Юсупов (нақши Бузургумед), Ҷунайдулло Хоҷаев (нақши Борбад), Манучеҳр Раҳмонов (нақши Накисо) ва Сафар Солеҳов дар нақши Шируя симоҳои нави насли ҷавони равияи акедимиро барои тамошобин муаррифӣ намуд. Зимнан, нақши калонро барои боз ҳам хотирмон намудани опера бо санъати баланди ҳамсароии худ ҳунарпешагони хори театр, артистони миманс ва ҳунарпешагони балети театр бозидаанд. Муссалам аст, ки дар пасманзараи ин муваффақият ва рӯйдоди фарҳангӣ – истеъдоди фитрии композитор, саҳми либреттонавис, ҳунарнамоии волои ҳунарпешагони театр, коргардон ва заҳмати зиёди кулли кормандони театр меистад. Маҳз ҳамин тавр ҳамкориҳо санъати мусиқии касбиро рушд медиҳад, фазои фарҳангии кишварро рангоранг месозад ва ҷомеаро ба сӯи маънавиёт раҳнамоӣ менамояд. Бо ифтихор метавон қайд намуд, ки дар солҳои Истиқлолият мактаби композиторӣ ва санъати мусиқӣ-театрии тоҷик ба сатҳи нави касбӣ расонида шуда, он як марҳилаи бузургеро аз сар гузаронида, хусусияти миллии худро бо ҷилои нав зуҳур намуда истодааст. Ин санъат ҳамчун санъати мардуми қадимаи фарҳангпарвар муаррифӣ мешавад, ки имрӯз ҳам иқтидору хусусиятҳои хешро нигоҳ дошта, рӯ ба рушд овардааст ва ҳам дар ҷараёни ҷаҳонишавии фарҳангҳои гуногун симои дурахшони худро ҷилватар карда истодааст. Эҷоди чунин асарҳои мусиқии баландғояи муосир, ки дар худ ғояи инсондӯстиро таҷассум намуда, арзишҳои маънавиро ташаккул медиҳад, фазои фарҳангиро боз ҳам ғанӣ гардонида, ҷиҳати рушду такомули фарҳанги миллӣ такони бузурге хоҳад бахшид. Хуршед Низомов, Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон